ИЗҲОРОТИ ҷавонони ДИС ДДТТ оид ба филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Шикасти фитна”

Бо ибтикори роҳбарияти ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар давоми ҳафтаи охири моҳи майи соли равон дар толори маҷлисгоҳҳои факултетҳои Донишкада филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Шикасти фитна” ба намоиш гузошта шуд.
Мо ҷавонони Донишкада пас тамошои филми мустанд “Шикасти фитна” ба худ хулосаи зарурӣ бароварда, зимни изҳороти навбатиамон ибрози андеша менамоем. Воқеан филми мазкур бори дигар аз амалҳои пасипардагиву хиёнаткоронаи саргардагони гуруҳҳои муташаккили Бадахшон, роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ-ПМ) ва сарпарастии хоҷагонашон бохабар шудем.
Дар филми ҳуччатӣ вобаста ба ҳодисахои соли охир дар Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон суҳбат меравад, ки хиёнатҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва нақшаву амалҳои разилонаи онҳо , сароаавал аз ҷониби яке аз роҳбари ташкилоти ғайриҳукуматӣ бо номи “Номус ва инсоф”, таҳрибкор Мамадшоева Улфатхоним сурат мегирад. Бояд ёдовар шуд,ки хоинон қаблан дар филмхои “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат” аз амалхои содиркардаашон иқрор шуда буданд. Ин навбат низ бадхоҳони миллат-УлфатхониМамадшоева ва Холбаш Холбашев, худро ошкоро бе ягон фишороварӣ гунаҳкор ҳисобида, қайд карда шуд, ки бо роҳбарии Шерзамонов Алим, муовини роҳбари ташкилоти терорристӣ бо номи “Паймони миллӣ” (ПМ) маблағгузорӣ ва тарҳрезӣ шуда, оқибат дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон нооромиро ба вуҷуд оварданд. Яъне бори дигар ба қазияи Бадахшон даст доштани роҳбарияти ТТЭ ҲНИ-ПМ аён гардида, тасдиқ худро ёфт. Хулоса имруз низ бадхоҳони миллат фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Магар фаромӯш кардаанд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Тасдиқи ин гуфтаҳо қаблан дар филмҳои ҳуљљатии “Бозгашт аз љаҳаннам”, “Хиёнат” ва имруз дар филми навбатии ҳуҷҷатӣ бо номи “Шикасти фитна” бо далелҳои раднашаванда исботу аён шуд.
Мо доир ба фаъолияти зиддидавлатии хоинони миллат бо санаду далел ва мисолҳои зиёде навиштаем. Имруз низ моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ва созмони фитнаангез, ки имруз роҳбарияту аъзоёнаш дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтаанд, ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои душманони миллат огоҳ созем. Хулоса дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа, мо ҳама муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.
Дар фарҷоми изҳороти хеш гуфтаниам, ки мо ҷавонони озоду ватандусти Тоҷикистони азиз аз афроди ҷиноятпеша,тахрибкори ифротӣ Ватани биҳиштосоямонро эмин нигоҳ дошта, дар Тоҷикистон сулҳу суботро пайравӣ менамоем ва намегузорем, ки тири нохалафи душманони дохиливу бурунмарзи зиндагии осоиштаи мардуми тоҷикро халалдор созанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *