ДАСТГИРИИ ТТЭ ҲНИ АЗ ҶОНИБИ КИШВАРҲОИ ҒАРБ

Дар зимни шинохти фаъолияти ТТЭ ҲНИ асосан бархе кишвару ташкилотҳо ҳамчун пуштибону сарпарасти ин ҳизби фаъолияташ мамнуъ эътироф мешаванд. Чун гап сари кишвару ташкилотҳои сарпарасти терроризм рафт, як нуктаро набояд фаромӯш кард, ки ҳанӯз 33 сол қабл аз ин аввалин бор феҳристи кишварҳо ва ташкилотҳои сарпараст ва ҳомии терроризм омода шудаву давлату ташкилотҳое ҳам, ки то ин замон ТТЭ ҲНИ-ро дастгирии молиявию идеологӣ мекунанд, ба он ворид шудаанд. Вақте 19 январи соли 1984 Департаменти давлатии ИМА феҳристи мазкурро нашр кард, бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Аврупо, ба ворид карда шудани бархе давлату ташкилотҳо ба ин феҳрист розӣ набуданд. Бо гузашти солиёни баъд маълум гардид, ки хатари асосии ин давлатҳо ва ташкилотҳои мамнӯъ маҳз ба Аврупо аст ва ин ки то имрӯз таҳримҳо болои онҳо шиддат мегиранд, аз ҳамин ҷост, ки ҳоло воқеияти онҳоро шинохтанд.
Ҳоло ҷойи шубҳа ҳам нест, ки дар бархӯрд ба ТТЭ ҲНИ айни ҳамин ҳолат сурат мегирад. Яъне, дар ҳоли ҳозир ҳадди ақал, ду созмони минтақаи – СҲШ ва ИДМ ташкилоти террористӣ будани Ҳизби мамнӯи наӯзати исломиро эътироф кардаанд.
Чун гап сари хатари ҲНИ ба Тоҷикистон (ва натанҳо ба Тоҷикистон) рафт, таъкиди чанд маълумоти расмӣ аз ҷиноятҳои содиркардаи аъзои ин ҳизбро бамаврид мешуморам. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо таҳия ва нашри маҷмӯае собит кард, ки аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар қатли Сайф Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Исҳоқи Юсуф, Сафаралӣ Кенҷаев, Моёншо Назаршоев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Давлаталӣ Рахмоналиев, Муродулло Шерализода, Айнулло Неъматов ва Хабиб Сангинов айбдоранд. Дар ин “Тавсияҳои амалӣ”, ки охирҳои январи соли равон нашр шудааст, аъзои ин ҳизби мамнӯъ ҳамчунин дар содир кардани 560 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ва 1050 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ айбдор дониста шудаанд. Давоми фаъолияти худ намояндагони ин ҳизб чандин гурӯҳҳои ифротгаро ташкил карда, аз ҳисоби кишварҳои хориҷи маблағҳои зиёд дарёфт мекарданд.
Таҳлили фаъолияти ҲНИ исбот намудааст, ки он бо созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар иртибот буда, бо роҳҳои пардапӯшона ва ҳатто кушоду равшан онҳоро тарафдорӣ менамояд.
Зимнан, тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 800 нафар узви ТТЭ ҲНИ барои алақамандӣ бо ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дастгир гардида, ин ҳизб зиёда аз 1000 нафарро барои гирифтани таълимоти террористӣ-экстремистӣ ба пойгоҳҳои террористиву экстремистии кишварҳои хориҷӣ фиристодааст. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо ҳодисаҳои солҳои охир дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ рӯйдодаро мисол овардан бамаврид аст,ки аз ҷониби хадамоти ҷосуси махсуси хориҷи кишвар ва дипломатҳои Ғарб тавассути таҳрезӣ ва бо ҷалби фаъолияти ташкилоти ғайриҳукумати байналмилалӣ ва раҳбарияти ТТЭ ҲНИ, ки дар саргаҳи он Алим Шерзамонов ва пайравонаш Улфатхоним Мамадшоева, Холбаш Холбашев меистоданд, дар филми ҳуҷҷатии бо номи “Шикасти фитна” бо икрори бадхоҳони миллат, ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик содиршуда бо далелҳои амиқ муйян шуда, тасдиқи худро ёфтанд.,ки ҳоҷат ба баён нест. Хулоса, ТТЭ ҲНИ аллакай ба як хатари ҷиддӣ барои тамоми минтақа табдил ёфтаст ва аз ташкилоти террористии ДИИШ ва дигар ташкилотҳои ифротиву террористӣ фарқияте надорад.
Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои 90-уми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.Њамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин тавонистанд нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намоянд.

САИДОВА О.Ж.,
устоди кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *