ИЗҲОРОТИ ҷавонони ДИС ДДТТ нисбати лофзаниҳои намояндаи “Гурӯҳи 24 ” дар нишасти САҲА

Мо ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол зимни изҳоротҳои хеш  борҳо нисбат ба  Беҳруз Тағойзода, аъзои  “Гуруҳи 24” мебошад, андешаҳоямонро иброз дошта будем. Пӯшида нест, ки имрӯз бештари аъзоёни “Гурӯҳи  24” бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ  дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаи ифротӣ бо номи “Садои мардум ” баромадҳо менамоянд, назарсанҷӣ карда, маҳкум намуда будему боз менамоем.

 Ин навбат  мо, нисбати як аъзои гурӯҳи мазкур бо номи Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, ки   рӯзи 15-уми марти соли равон дар нишасти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) иштирок  намудааст, андешаронӣ менамоем. Дар робита ба ин,бояд қайд кард, ки М.Абдуқаҳҳор зимни баромадаш нисбати намояндаи давлати Тоҷикистон лофзанӣ намудааст.Мо муфассалан онро баён намесозем ва ин мавриди нахустин нест, ки дар нишастҳои САҲА дар Аврупо намояндаи мухолифини кишвар  ширкат варзад. Таъкидан қайд менамоем, ки ҳама ходисаҳо, ҳама фиребу найранги ҳамон хоинони миллат, фақат дар фикри манфиатхои шахсии худ ҳастанду ба амалу дастурҳои хоҷагони худ маблағҳои ҳаромро ба кадом як имтиёзҳзои ба даст овардаашон зиндагиашонро пеш мебаранд. Танҳо дар ҷаласаҳои ҳарсолаи САҲА хамчун лӯхтак рол мебозад ва таъсиру манфиатхои ин нишаст ҳамин аст.

Хулоса, аз баромадҳо ва  умуман лофзании  навбатии  намояндаи «Гурӯҳи 24» ҳар бинандаву шунаванда бе ягон душворӣ пай мебарад, ки ин бадхоҳи миллат бо тавсифҳои сохтаву андешаҳои по дар ҳавои худ ба хотири кас гуфтаҳои бемореро ба хотир меорад, ки аз таъсири тасбу таб ба ҳарзагўӣ медарояду боз шояд ба гуфтаҳои худ бовар кунад.

Дар интиҳои изҳороти хеш мо ин навбат М. Абдуқаҳҳор, намояндаи “Гурӯҳи 24”- ро сахт маломат карда, суханҳои фитнаангезашро шадидан маҳкум  менамоем ва  нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва САҲА бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишари мо сухан гӯянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *