Санаи 23 марти соли 2023 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ҷиҳати боздид ва шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои таҳсил ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташриф овард. Муовини вазирро директори Донишкада Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ва ҳайати раёсати Донишкада пешвоз гирифта, бо Иди наврӯзи хуҷастапай ва баҳори нозанин табрик намуданд.
Лутфия Абдухолиқзода аз синфхонаҳои таълимӣ, лабораторияи молшиносӣ ва муоинаи молҳои истеъмолӣ, лабораторияи криминалистика, толори фитнес, ошхона, фаъолияти маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонӣ, афзалияти барномаи ALFA XPress-низоми идоракунии раванди таълим, парки технологии дӯхтани либосҳои миллию аврупоӣ, китобхонаи анъанавӣ, синфхонаи лингофонӣ, ва толори маҷлисгоҳу лабораторияҳои инноватсионӣ дидан карда, вобаста ба тақвияти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба Донишкада, густариши равобити байналмилалӣ ва дарёфти грантҳо, дарёфти имкониятҳои таҳсил дар хориҷа бо гирифтани диплом ва донишҳои муосири донишҷӯён ба роҳбарияти Донишкада маслиҳатҳои муфиду судманд пешниҳод намуд.
Қайд карда шуд, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва сатҳи забондонии донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардида, тақвияти донишҳои иқтисодӣ, бонкӣ, инноватсионӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маърифатии онҳо мавриди амал қарор дода шавад.
Бо хатмкардагони муваффақи Донишкада иртиботи ҳамешагӣ барпо карда шавад ва муваффақияту дастовардҳои онҳо ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба муассиса фаровон истифода карда шавад. Робитаи мустақими илм бо истеҳсолот пайваста амалӣ карда шавад ва машғулиятҳои амалии донишҷӯён бояд воқеӣ ва натиҷабахш сурат гиранд.
Ҳамчунин, муовини вазир иброз намуд, ки тамоми шароиту имкониятҳои таҳсил дар ДИС ДДТТ бояд, ки барои омода намудани кадрҳои баландихтисос, донандагони забонҳои муосири хориҷӣ, иқтисоддонҳои кордону ботаҷриба ва умуман, рушди таҳсилоти олӣ мусоидат намоянд. Зикр карда шуд, ки шароиту имкониятҳои таҳсил дар ДИС ДДТТ хуб роҳандозӣ гардида, ҷиҳати таълими босифат ва омода намудани мутахассисони баландихтисос кафолат дода метавонад.