Изҳороти ассистенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ оид ба ТТЭ ҲНИ ҳамчун сарчашмаи пайдоиши терроризм ва экстремизм

Дар ҷаҳони имрўз ағлаби «сиёсатмадорон» ба хотири ба ҳадаф ва манфиатҳои худ расидан омодаанд, ки ба ҳар амали шоиставу ношоиста даст бизананд. Ҳамин аст, ки роҳҳои расидан ба мақсади худро дар поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои нафарони дигар, миллату қавмҳои дигар, аз байн бурдани оромиву осоиштагии як кишвари дигар мебинанд. Ҳамин чиз сабаб гардидааст, ки дар ҷомеаи ҷаҳони имрўза истилоҳоте чун терроризм ва экстрремизм пайдо гардидаву таҳдиди хатари он барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ дониста шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳоии бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда буд, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гуфтаҳои Сарвари давлат ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва башариятро водор месозад, ки дар робита ба масъалаҳои мазкур муносибати ҷиддӣ дошта бошад.
Мафҳуми терроризм ва экстремизм дар фарҳанг ба маънои террор ва  моҷароҷўӣ омадааст.  Магар ашхосе, ки ба хотири расидан ба нияту ҳадафҳои хеш ба обрўю нуфуз ва беҳтарин муқаддасот – озодии инсон дастдарозӣ менамояд, магар дарранда нест, балки бадтар аз он?!
Саволе ба миён меояд, ки пас пайдоиши терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон, умуман дар дунё аз чӣ сарчашма мегирад? Дар атрофи ин масъала дар сиёсати ҷаҳонии имрўза дар байни ҷомеашиносону сиёсатмадорон мубоҳисаҳои зиёде ҷараён мегирад.

         Бешубҳа таҳлил кардани низоъҳои динӣ дар маркази таваҷҷуҳи тамоми мардуми кураи Замин қарор дорад. Олимону пажўҳишгарон, масъулини ниҳодҳои дахлдор, сиёсатшиносон, исломшиносон, андешамандону соҳибназарон баҳри рафъи хатарҳои пешомада ва баҳои ҳақиқӣ додан ба вазъи сиёсии ҷаҳону минтақа, хоса бархўрди манфиатҳои динӣ ва миллӣ, тафовут байни ҷаҳонбинии рўҳониён ва тафаккури дуниявӣ ва дигар масъалаҳо фикру андешаҳои мухталиф иброз намудаанд.

Ҳадафи муассисони бархе аҳзоби сиёсӣ тавассути таъсиси ҳизбҳои худ паси парда мақсаду ниятҳои нопоки худро пиёда кардан аст. Имрўз шумораи чунин ҳизбҳо, ки сабаби нооромии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд, кам нестанд. Таҳлилҳо нишон доданд. ки баъзе намояндагони ҲНИ аз ҷумлаи чунин аҳзоби сиёсӣ буда, бо нияти халалдор кардани оромии кишвар ба як зумра «ҳилла»-ҳои сиёсӣ даст задаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *