Дар замони муосир, дар шароити бархўрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръат маҷмўи масъалаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки ҳалли онҳо дастаҷамъӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва ѓояҳои созандаро тақозо менамоянд. Имрўз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Терроризм ва экстремизм имрўз бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст.
Терроризм, махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст.
Терроризм, махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузоштааст, ки он монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли муборизабаранда бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Дар ин иртибот мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу усулҳои он ба таври мушаххас дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» инъикос ёфтааст.
Яке аз ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ки ба амнияту тартиботи мамлакат таҳдид намуд, собиқ ҳизби наҳзат мебошад. Амалҳои хоинонаю душманонаи ин ташкилоти террористию экстремистӣ ба ҳамагон маълум аст. Ин ташкилоти террористию экстремистӣ аз боварии давлату миллат истифода бурда ба қатлу ѓорат даст зад. Хуб шуд, ки аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби наҳзат ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф гардид ва ҷиноятҳои минбаъдаи ин гурўҳ пешгирӣ гардид.
Мутаассифона имрўз роҳбари ТТЭ ҲНИ -М.Кабирӣ дар хориҷи мамлакат қарор гирифта тавассути сомонаҳои интернетӣ ба бадномкунии миллати худ машѓул аст.
Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў аз пешравиҳои мамлакатамон озурдахотир гардида, пайваста ба бўҳтону дурўѓ машѓул аст. Нақзатиҳо ягон вақт дар фикри пешрафти кишвар набуданду нестанд. Дигар ба касе пўшида нест, ки нақзатиҳо ҳамарўза бо васвасаи шайтон ба бўҳтону дурўѓ машѓул мешаванд ва бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон ба бадномкунию гурўҳбозӣ овораанд.
Аллакай мардуми тоҷик ба хубӣ дарк намудааст, ки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат амалу фаъолияташ фақат халалдоркунии мафкурии ҷомеа ва ноором кардани фазои орому осудаи мамлакат аст.
Аз ин рў ҳар як мардуми ватандўсту худогоҳи миллати тоҷик фаъолияти Кабирӣ ва ҳаммаслакони ўро дар хориҷа шадидан маҳкум мекунад.
Барои ҳар яки мо сулҳу орому, ваҳдату истиқлолият азизтарин неъмати рўи замин аст. Ҳар лаҳзаи шукри ин ободиву сарсабзӣ, тинҷию оромии мамлакати худро менамоем.
Ҳеҷ гоҳ дигар мардуми тоҷик ба фиребу найрангҳои Кабирӣ бовар намекунанд ва фаъолияти ўро дар хориҷи мамлакат фаъолияти душманона ва ѓайриинсонона медонанд.
Ҳусаинова Муҳаббат Каримҷоновна?
ассистенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ