Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм ва фаъолияти ғайриқонунии ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ мебошад.
Дар суханрониҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст. Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ низ Сарвари давлат таъкид намуд: «Терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст… Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ дар доираи барномаҳои таҳрезии абарқудратҳо фаъолият намуда, самти фаъолияташон чунин аст: зуран тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ, суйиқасди инфиродӣ ва оммавӣ, барангехтани адовати динӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, адовати иҷтимоӣ, таркиш, қатлу куштор, интиқолу инфиҷор дар марказҳои маъмурӣ, беморхонаҳо, раҳгузарҳои зери заминӣ, фурудгоҳҳои байналмилалӣ, майдонҳои варзишӣ, марказҳои дилхушӣ, рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан, таҳдиди куштан, нобуд кардан ва ғайраҳо. Айни ҳол дар ҷаҳон ташкилотҳои террористию экстремистӣ аз ҷумла: ДИИШ, ҲНИ, Алқоида, Толибон, Ансоруллоҳ, Ҳизбуллоҳ, Ҷиҳоди исломӣ, Боко-Ҳарам, Иттиҳодияи экстремистии Салафия, Таблиғ, Содиқлар, Ҳизбутаҳрир ва даҳҳои дигар фаъолияти ғайриқонунӣ мебаранд, ки самти фаъолияташон қатлу куштор ва барҳам задани сохти конститутсионии ин ё он кишвар мебошад.
Чӣ хуб мешуд, агар тамоми шаҳрвандон, аз ободии кишвар, тинҷиву оромӣ, пешрафту тараққиёти Ватан шукр намоянду алайҳи террористу экстремист бетараф набошанд. Хусусан, ҷавонон, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост, фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи иғвогарон нашаванд. Ватани худро дӯст доранд. Кӯшиш намоянд, ки неруи ақлониашонро барои созандагӣ, ба сӯи эҷодкорӣ, барои ободу зебо гардонидани Ватани азизамон-Тоҷикистон истифода баранд.
Сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи маннфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем.