Чанд моҳ пеш ТТЭ ҲНИ дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамчун ташаббускори аслии таъсиси чунин эътилоф бо ирсоли даъватномаҳои бешумор хеле талош карда буд, ки дар нишасти банақшагирифтаи хеш теъдоди ҳар чи бештари тоҷикистониёни бурунмарзиро ҷамъ оварад ва дар ин замина, эътилофи худро созмон диҳад. Вале бархилофи интизориҳо ва саъю талошҳои чандмоҳаи онҳо як қатор созмону ташкилотҳо муқобили таъсиси чунин як эътилоф садо баланд карданд.
Анҷумани неруҳои созандаи Додоҷони Атовуллоҳ, “Гурӯҳи -24” , “Ватандор” ва теъдоди зиёди зиёиёни тоҷикистонии бурунмарзӣ, даъватҳои такрор ба такрори ТТЭ ҲНИ-ро ҷиҳати таъсиси эътилофи нави гурӯҳҳои мухолифони тоҷик куллан ба эътибор нагирифтанд.
Эътилофи кунунии ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” маҳз дар заминаи ҳамоҳангии ҳамин се гурӯҳи ношинохтаву камнуфусу камнуфуз ва ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд оварда шудааст. Оё ин гурӯҳҳои худхондаву худсохта ҳаққи аз номи мардуми Тоҷикистон таъсис додани “Паймони миллии Тоҷикистон” –ро доранд? Албатта не! Зеро ҳеҷ кадоме аз онҳо созмони дар Тоҷикистон аз тарафи мардум эътирофшуда нестанд ва ҳатто қишри андаке аз ҷомеаи кишвари моро ҳам фаро намегиранд. Гузашта аз ин, мардум ҳатто дар бораи мавҷудияти аксарияти ин созмонҳо низ ҳеҷ иттилое надорад. Пас чӣ тавр бо нишасти чанд нафар афроди худхоҳ ва ҳамоишу рақси дастобадасти аҷибу ғариби онҳо мешавад “Паймони миллӣ” –е таъсис дод, ки он машрӯияти тасмимгирӣ ба ҷои давлати расмӣ, Парлумони мардумӣ ва 9 миллион нафарро дошта бошад?
Маълум аст, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ, яъне созмон додани чунин эътилофи бебунёд чи ҳадафи муғризонаеро паёгирӣ кардан мехоҳанд. Бидуни шак, онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто, аз манфиатҳои милливу давратӣ куллан сарфи назар кардаанд.