¶ 1 Leave a comment on paragraph 1 0 Аз замони табаддулоти нофарҷоми ТТЭ ҲНИ инак соли сеюм сипарӣ мешавад. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш рӯи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 низ амалҳои нобахшидании худро анҷом дода боиси марги чанд тан бегуноҳон гардидан. Роҳбарони ТЭ ҲНИ, ки дар дарозои замони мавҷудияти хеш кореро ба ҷуз аз хиёнат ба миллат анҷом надода буданд ва ҳамеша аъмоли онҳо зидди озодӣ ва истиқлоли миллӣ буд, бори дигар ба халқу ватани худ хиёнат карданд.
¶ 2 Leave a comment on paragraph 2 0 Ин ташкилоти террористӣ пас аз созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам аз ғаразу ҳамоқатҳои хеш даст накашида ба тарзи мудовом ба террори ақидагӣ машғул шуд ва аз озодиву имконҳое, ки дар заминаи ин созишнома ба даст оварда буданд, кўшид то ҷомеаро сахт мазҳабиву ҳуруфотӣ ва таассубзада намояд. Афкори пучу бемояи ин ҳизб зеҳни ҳазорон ҷавононро вайрон намуда, сабаби ба гуруҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳо гардид. Қайд кардан ҷоиз аст, ки аз тарафи ҳамин гуна нафарон ҳамагуна хиёнатро интизор шудан мумкин аст.
¶ 3 Leave a comment on paragraph 3 0 Аҳли ҷомеа ва мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба афсонаҳои ТТЭ ҲНИ бовар надорад. Барои мардум аз ҳама муҳимтар суботи иҷтимоӣ ва сулҳу оромӣ мебошад. Ба ҳама маълум гардидааст, ки даъвату гуишҳои раёсати ин ҳизб на роҳнамоикунанда, балки гумроҳикунандаанд. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ бароварда карда метавонем. Аз ин рў, ҳар фарди миллатро зарур аст масъулиятшинос шуда, барои халқу ватани худ покдилона хизмат намояд. Ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бар зидди душманони миллат муттаҳид бошанд.