Изҳороти Ҷалолова Ф.А. – номзади улуми филологӣ, муаллимаи калони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оид ба созмони “Паймони миллӣ” ва дигар гуруҳҳои ифротгаро

Чанд моҳ пеш ТТЭ ҲНИ ва бавижа роҳбари он М.Кабирӣ дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамчун ташаббускори аслии таъсиси чунин эътилоф бо ирсоли даъватномаҳои бешумор хеле талош карда буд, ки дар нишасти банақшагирифтаи хеш теъдоди ҳар чи бештари тоҷикистониёни бурунмарзиро ҷамъ оварад ва дар ин замина, эътилофи худро созмон диҳад. Вале бархилофи интизориҳо ва саъю талошҳои чандмоҳаи Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бархе аз афроду ниҳодҳои мухолиф на фақат  дар ин ҳамоиш иштирок накардаанд, балки расман мухолифати худро нисбат ба баргузории он нишаст, ҳамчунин, таъсиси дигарбораи ИНОТ изҳор доштанд.

Аммо, М. Кабирӣ бо вуҷуди дарки ин вазъият ва донистани чунин нуқтазаъфи худ даст аз тасиси эътилоф накашид. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро ТТЭ ҲНИ бо вуҷуди иддаоҳои мутантану баландпарвозонаи хеш дар хусуси он ки гуё аксарияти афроди ҷомеаи Тоҷикистон аслан аз мавқеи ҳизби онҳо ҷонибдорӣ мекунанд, боз ҳам ба дастгирии дигир гурӯҳҳои мухолиф ниёзманд будани худро ошкоро ба намоиш гузошт?

  Эътилофи кунунии ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” маҳз дар заминаи ҳамоҳангии се гурӯҳи ношинохтаву камнуфусу камнуфуз ва ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд оварда шудааст. Оё ин гурӯҳҳои худхондаву худсохта ҳаққи аз номи мардуми Тоҷикистон таъсис додани “Паймони миллии Тоҷикистон” –ро доранд? Албатта не!

Зеро ҳеҷ кадоме аз онҳо созмони дар Тоҷикистон аз тарафи мардум эътирофшуда нестанд ва ҳатто қишри андаке аз ҷомеаи кишвари моро ҳам фаро намегиранд. Гузашта аз ин, мардум ҳатто дар бораи мавҷудияти аксарияти ин созмонҳо низ ҳеҷ иттилое надорад. Пас чӣ тавр бо нишасти чанд нафар афроди худхоҳ ва ҳамоишу рақси дастобадасти аҷибу ғариби онҳо мешавад “Паймони миллӣ”-е  таъсис дод?!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *