Имрўз яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи бемон мебаранд.
Мо дар давраи ҷаҳонишавӣ зиндагӣ мекунем, ки он сиёсати печутобёфта, мураккаб дорад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавонем давлатҳои Либия, Яман, Сурия, Ироқ ва дигарҳоро мисол оварем. Ин давлатҳо замоне дар ҳолати омну субот буданд, аммо дар як муддати кўтоҳ онҳо ба як кишварҳои ҷангзадаю қафомонда табдил ёфтанд.
Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат аз ибтидо бо ниятҳи нопоки худ барои халалдор намудани оромию субот ва амну осоиш фаъолият менамуд. Пешравӣ ва сулҳу суботро нахоста, ба ҳар роҳу восита оромии мамлакатро халалдор менамуд.
Аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ин ташкилоти террористӣ аз демократия сўйистифода намуда, амалҳои он аз арзишҳои демократӣ дур буданд. Сарварони ин созмон бояд эътироф намоянд, ки бадбахтиҳои ба сари мардуми кишвар омада, маҳз аз маърифати пасти сиёсии саркардаҳои ТЭТ ҲНИ дар солҳои 90-уми асри гузашта буд. Ин душманони давлату миллат маҳз бо маблағгузории хоҷагони хориҷиашон дар ҷаласаҳои САҲА ширкат намуда, аз таъсиси паймони нави хиёнаткоронааш иттилоъ дод.
Дар ҳолати зарурӣ ин тўдаи бадхоҳ ҳамдигарро ҳам фурўхта, аз рўи одати дерина хиёнат мекунанд. Онҳо мақсадҳои сиёҳе доранд ва аз роҳи террору душманӣ барнагаштаанд.
Ҳама аз мақсадҳои нопоки ин ҳизби террористӣ огоҳ аст ва фаъолияти онҳоро шадидан маҳкум месозад.
Ҳизби наҳзатро ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохили мамлакат ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ мешиносанд ва аъзоёну ҳаммаслакони онро ҳамчун душманони давлату миллат эътироф менамоянд.