Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуд. Давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст.
Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Президенти мамлакатамон изҳор доштанд, ки «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда буданд, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд». Имрӯз баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд. Аз ин ҷиҳат, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.
Воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябр, яъне сўиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтанд, бори дигар нишон доданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд. Чуноне рӯзи 25 январи соли 2015 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2015 қайд намуданд: «Дар иртибот бо ҳодисаҳои моҳи сентябри соли сипаригардида, дар натиҷаи гузаронидани як қатор амалиётҳои дастаҷамъии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ 38 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим безарар ва зиёда аз 200 нафар дастгир гардида, аз аъзои ин гурӯҳи ҷинояткор миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира карда шуд. Дар ҷараёни баргузории амалиётҳо алайҳи ин гурӯҳ, мардуми ватандӯст, аҳолӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқро дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуда, 28 нафар аъзоёни ин гурӯҳи террористиро дастгир ва 11 нафарашон бо таъсири мардум ихтиёран худашонро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданд. Фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт имкон дод, ки пеши роҳи содиршавии якчанд амалҳои террористӣ гирифта шуда, аъзоёни ташкилоту гурӯҳҳои ифротгаро дастгир карда шаванд».
Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз ин амалу рафтори ба ҳаёт ва суботи ҷомеа хатарнок чораҳои судманд меандешад.
Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз ҳамин омил ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Дар радифи сабабҳои дохилӣ, инчунин, омилҳои беруна низ бетаъсир нестанд, ки инҳо намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет мебошанд. Таҳлили сабабу шароитҳои ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда нишон дод, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.