ИЗҲОРОТИ Абдурашидова М. А.- ассистенти кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ дар бораи “Паймони миллии Тоҷикистон” ва дасисаву иғвоангезиҳои ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар

Мо таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро, ки аз ҷониби як гуруҳи фитнаандозу хиёнаткор  дар Аврупо ташкил шудааст, инчунин амалҳои номатлуби роҳбарони  ташкилоти террористию экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ» ва суханронии роҳбари он М. Кабириро дар конфронси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки барои сиёҳ кардани халқу давлати Тоҷикистон равона гардид, қотеона маҳкум менамоем.

Маҳз  аз ҷониби   ҳамин гуна гуруҳҳои нопоку сияҳкор  бо нияти ноҷавонмардонаи паст задани обрӯ ва коҳиш додани симои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ 29 июли соли равон дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе як гуруҳи сайёҳони хориҷӣ, шаҳрвандони кишварҳои Аврупо ва Амрико ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд.

Бо ин кирдори дасисаангези худ террористони «наҳзатӣ» мехостанд ба афзоиши ҷалби сайёҳон ба кишвари мо монеа эҷод намоянд. Вале, хушбахтона онҳо ба ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва ягон қувваи нохалаф наметавонад дар ин роҳ монеа эҷод намояд.

Ҷомеаи имрўзаи ҷаҳониро баъзе шахсон ташкил медиҳанд, ки мехоҳанд, бо фитна байни халқ низоъ андозанд. Ба ин гурўҳи Муҳиддин Кабириро дохил кардан мумкин аст. Муҳиддин Кабирӣ доиман кўшиш мекунад, ки зидди ҳокимияти қонунии Тоҷикистон баромад карда, маҳдудияти озодии суханро иброз медорад.

Муҳиддин Кабирӣ кўшиши бунёд кардани эътилофро кард, вале кўшиши ў бебарор гардид. Ҳатто дўсти деринааш Дадоҷон Атовуллоев ўро дастгирӣ накард ва иброз дошт, ки дар оянда бо М. Кабирӣ алоқа нахоҳад дошт.

М. Кабирӣ, мо шаҳрвандони Тоҷикистон фирефтаи гуфтаҳову баромадҳои ту нестем. Побандӣ ваъдаву сарватҳои ту ва ту монанд шахсон намегардем.

Мо, аҳли зиё набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем, баръакс бояд баҳри ҳимояи амнияти кишвар, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон тайёр бошем ва якпорчагии онро ҳамеша ҳифз намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *