Илҳом Ёқубов кист, оё ӯро касе мешиносад ва дар ҷодаи сиёсату илму ирфон дар вуҷудаш чизе дорад? Мо хуб медонем, ки дар муддати хеле кутоҳ ин ҷавони хуҷандӣ, ки шояд зиндагии шоҳонаро дар хоби шабаш медид, аз маблағҳои хоҷагони худ аз фурухтани ресмонҳои чакана ба бизнеси мошин гузашт ва дар муддати кутоҳ ҳам карейра намуду яке аз тоҷирони муваффақ гардид.
Бо ном роҳбари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд буду рӯзашро дар кишвари Прибалтика мегузаронд. И. Ёқубов як тан аз хоини ватанфуруш, аъзои ташкилоти экстримистию террористии ҳизби наҳзати Ислом аст, ки дар Варшава бар зидди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва сохторҳои он фикру андешаҳои иғвогаронаашро баён намудааст. Мехоҳад гаразҳои нопоки худро бо ҳар роҳу восита ба сари халқу миллати тоҷик резад. И. Ёқубов хоини миллат бар зидди ВАО-и Тоҷикистон баромад намуда, чунин мешуморад, ки ҳуқуқи онҳо ва журналистони кишвар хеле маҳдуд аст.
Имрӯз давлати соҳибистиқлоли мо бо сарвари Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафтҳои назаррас ноил гашта, мардуми Тоҷикистон ва ВАО дар кишвари мо озод буда, рӯзноманигорон озодона дастовардҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва рушду нумуи халқу давлатро озодона инъикос менамоянд. Андешаҳои ифротии аъзои ТЭТ ҲНИ И.Ёқубов бори дигар чеҳраи нопокии ҲНИ-ро кушода, ба оламиён симои манфури онҳоро рушантар менамояд. Ҳама андешаву афкори онҳо бедалелу бе бунёд ва ба ҷуз дуруғу буҳтон чизе нест.
Муаллимаи калони
кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ
Набиева Муқаддас