Кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд. Дар зарфи бисту ҳафт сол мо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат ва ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.
Бо дарназардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикиро дар радифи дигар њадафњои стратегї ба монанди аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворї чун яке аз ҳадафҳои муњими давлатї муайян кардем.
Рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди неругоҳи барқи обии Роғун мебошад. Аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмон ба иншооти зикршуда 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2016-ум 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ, соли 2017-ум 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ ва дар соли 2018 ба ин мақсад қариб 5 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. Имрӯз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз босуръат идома доранд ва агрегати аввали он санаи 16 ноябри соли 2018 ба кор дароварда шуд. Дар Рӯзи таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Роғун агрегати дуюми НБО Роғун ба истифода дода шуд, ки барои миллати тоҷик ин воқеаи таърихӣ ва фараҳбахшу хотирмон маҳсуб мешавад.
Ба кор оғоз намудани ин иншооти бузурги аср имкон медињад, ки се корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ёвон, ба кор оғоз кардани корхонаи маъдантозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол мекунанд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ, инчунин, маҷмааи нассоҷӣ оид ба коркарди пахта дар ноҳияи Данғара барои афзоиши иқтидори содиротии кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Бунёди корхонаи муосир оид ба коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Спитамен, инчунин, корхонаи истихроҷу истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат њамаи ин иќтидорњои нави нерўи барқро тақозо менамоянд. Аз ин лињоњ ба фаъолият шурўъ намудан ва тавлиди аввалин неруи барќ дар ин иншооти зодаи Истиќлолият барои њалли муаммоњои мављуда дар самти таъмини барқ мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад. Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, обу ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.
Вазифаи мо омўзгорон бар ивази ин ѓамхорињои пайвастаи роњбари давлат ва њукумати мамлакат мебояд бањри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим таваљљуњи ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Вобаста ба ин диққати наврасон, хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоем, кори маҳфилҳо ва техникҳои ҷавонро љоннок намоем.
Мо вазифадорем, ки фаъолияти худро доир ба фањмонидани арзишњои истиқлолият, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинї, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшем. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд, фирефтаи афкори бадхоҳони миллат нагарданд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.