«Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд!”
Эмомалӣ Раҳмон
Дастовардҳои бузурги миллатро дар самти сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанг, варзиш ва саноат бе ҷаҳду талош, кӯшишу сарсупурдагии фарзанди бонанги миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур намудан номумкин аст. Хизматҳои шоистаи ин марди муборизи майдони сиёсат сазовори таҳсину офарин аст. Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифааст. Тоҷикистон барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқуворӣ дар муддати на чандон тӯлонӣ ба хеле дастовардҳо ноил гаштааст. Ҳамзамон сохта ба истифода додани ҳазорҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ, хизматрасонӣ, шоҳроҳҳои бузург ва садҳо пулҳои кучаку бузург аз дастовардҳои назарраси давраи истиқлолият маҳсуб меёбад.
Ба муносибати 28 солгарди ҷашни муқаддаси Истиқлоли тоҷикон т агрегати дуюми НБО “Роғун” бо дасти мубораки Пешвои Миллат ба кор оғоз намуд. Сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт – соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.
Пешвои муаззами миллат барҳақ фармудаанд: «Роғун» на танҳо манбаи нуру рўшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад!
Имрӯз кули кишварҳои дунё дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор доранд. Баҳри ҳимоя аз таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири камтари бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар баробари ҳифзи мероси фарҳангӣ, ҳамзамон тибқи ҳадафҳо ва ниёзҳои ҷомеа корбасти оқилонаи арзишҳои миллиро ба манфиат мебошанд. Сулҳу ваҳдат, якдилию иттиҳод, бунёдкорию созандагӣ шиори халқи сарбаланди тоҷик аст. Месазад, ки имрӯз ин Истиқлолияти комил, ин сарфарозию озодӣ ва ин ободию саодатмандиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.