Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ аз баромадҳои хоинони миллату давлат, ки вақтҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда истодаанд, ақидаи хешро баён медорем. Душманони фирории миллат, аз ҷумла, пайравони собиқ ҲНИ, алахусус раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш имрӯз дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтаанд мисоли равшан шуда метавонад. Кабирӣ бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки чун саги дайду дунболи фурсатҳои мусоиду анҷоми амру фармонҳои хоҷагонаш қарор дорад. Бо иваз намудани номи ҲНИ ба “Паймони миллӣ…”имрӯзҳо бо дастури супоришҳои хоҷагонашон кӯшиш доранд, ки чун солҳои 90-уми асри гузашта бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, бахусус ҷавононро ҷалб созад. Мақсади муғризонаи Кабирӣ дар саҳнаи сиёсӣ, ба ҳар як фарди Тоҷикистони аён аст, то ки ин нақшаи шикастхурдаи худро бори дигар ба сомон расонад. Бояд ёдовар шуд, ки воқеан тасдиқу исботи ин гуфтаҳо дар филмҳои ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат”бо далелҳои раднашаванда исботу аён шудааст, ки мардуми тоҷик пайваста ва доимо Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонашонро маҳкум мекунанд. Зеро ин хоинон доимо ба иғвогарию тӯҳмат овора буда, амалҳои ғайриинсониро нисбати ҳамватану ҳаммиллати худ содир намудаанд. Умуман наҳзатиҳо ба арзишҳои милливу инсонӣ эҳтиром надоранд. Барояшон арзишҳои маҳдуди мазҳабӣ ва хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад.
Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Раҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ-и тафриқаангез бояд ба эътибор гиранд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи чунин мардуди гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Воқеияти ин масъаларо ҳатто дар робита ба сатҳи баргузории нишасти доиркардаи ТТЭ ҲНИ ва афроди ҳангомаҷӯи даъваткардаи онҳо низ метавон пай бурд.
Ҳадафҳои хиёнаткоронаи ТТЭ ҲНИ, умуман хоинони миллат бори дигар собит менамояд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин рӯ, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем, ки ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост!
Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ