Мо ҳама аз он шоду масрурем, ки баъди чанд рӯзе чархаи аввалини нерўгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор оғоз карда, саҳифаҳои тозаеро ба мардуми шарифи Тоҷикистон боз хоҳад намуд. Ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ дар бунёди сарбанд ба мардуми сарбаланди деринтизори тоҷик тўҳфаи идонаест ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зеро ҳамаи кўшишу заҳматҳои Пешвои миллат танҳо ба хотири амалӣ намудани ҳадафҳои асосии стратегии кишвар, аз ҷумла, таъмини истиқлолияти энергетикӣ нигаронида шудааст. Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо роҳбарону мутахассисони нерўгоҳи барқи обӣ ва сокинони шаҳри Роғун низ равшану возеҳ ифода ёфтааст: «…бе сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Роғун» ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ғайриимкон аст».
Сарбанди нерўгоҳи барқи обии «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ дар ҷаҳон маҳсуб гардида, бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он, метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун” ба талошҳои имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба “иқтисоди сабз”, ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи он имконият медиҳад, ки партофти садҳо ҳазор тонна газҳои карбон ба ҳавои атмосфера кам карда шавад.
Аммо, мутассифона, душманон ва бадхоҳони миллат ин ҳама дастоварду комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро чашми дидан надоранд ва ба ҳар василае нисбати миллату давлат бадгӯиҳо мекунанд. Ин нохалафон дур аз Ватан бузургтарин дастоварди миллат дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи энергетика бунёди НОБИ Роғунро, ки барои мардуми тоҷик сарбаландию сарфарозӣ меорад, дидан намехоҳанд. Мо ҳама хуб медонем, ки Роғун сарчашмаи нуру зиё ва расидан ба орзуҳои чандинсолаи мардуми шарифи тоҷик аст. Ин дастоварди беназири таърихиро ба миллату давлат таҳният мегӯем.