Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ гардидем, ки дар муассисаи ислоҳотии низомаш сахти шаҳри Хуҷанд якчанд нафар маҳбусон вазъиятро ноором сохтаанд ва дар ин асно чанд нафар назоратчии муассиса ҷон бохтаасту иддае дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Шаби 7-уми ноябри соли равон дар Колонияи ислоҳоташ сахти шаҳри Хуҷанд бесарусомоние рух дод.
Дар натиҷаи он теъдоде аз маҳбусон ба ҳалокат расидаанд. Дар мобайни онҳо ду нафар хизматчиёни колония яке сардори шӯъба дар қисми тарбиявӣ Мирсаид Қодиров ва дигаре посбон Эҳсон Ёқубов буданд. Онҳо бегуноҳ зери ҳадафи ноҷавонмардонаи он исёнгарон гаштанд. Ҳамаи мо хеле хуб медонем, ки дини мубини ислом ҳаргиз қатлро тасвия надодааст. Бо яроқҳои сард мусаллаҳ гардида, ба нигаҳбонони зиндон ҳамла кардани маҳбусони ДИИШ-и дар муассисаи ислоҳии №3 низ идомаи куштор ва ваҳшонияти ин гуруҳи ба ном исломӣ аст. Ва ин ҳама бетартибиҳоро намояндагони «Давлати исломӣ» бар дўши худ гирифтаанд.
Замони мутолиа намудани ин гуна ҳодисот дар ҳайрат мемонему ба суолҳои бешумор ғўтавар мешавем. Магар тинҷиву ободӣ ва оромии кишвари мо касеро халалдор намуда истодааст. Магар он намояндагоне, ки худро аз аҳли Ислом мешуморанду худро пок мегиранд, ин гуна нопокиву хун рехтанҳоро бар дўш мегиранд худ инсон бошанд. Магар бас набуд нооромии кишвари мо, ки даҳсолаи аввали Истиқлолияти давлатии худ дар хоку хун ғўтавар буду садҳо мардони абармарди оилаҳои тоҷикро аз даст дода буд. Бояд гуфт, ки наҳзатиёни муосир зери ниқоби дини мубини ислом чунин ҷамъиятвайронкуниву нооромии кишварамонро барпо намуда, худ дар атрофи он лаззат бурда истодаанд. Аъмоли ноҷавонмардонаи наҳзатиёни террорист дар ҳама ҷо паҳн гашта чун гурӯҳи сияҳкор дар байни халқи осоишта ном баровардаанд. Халқ хато намекунад, зеро худ дарк менамояд ки кирдорҳои нангини замони имрӯза танҳо ба онҳо вобаста аст. Бале онҳоро гунаҳкор мекунему ба андеша фурӯ меравем, ки чӣ тавр онҳо чунин амали нангинро дар ҳабсхона, ки дорои назорати сахти ҳифз мебошад барпо намуданд. Мақомоти қудратии Тоҷикистон имкон дорад, ки пеши роҳи чунин ҷинояткоронро қотеъона гирад ва бо онҳо бо забони қонун ва дар сурати рӯйрост поймол кардани он, аз ваколатҳое, ки ба онҳо барои таъмини ҳуқуқу озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва сулҳу субот дар ҷомеа додааст, истифода баранд. Ҳаргиз ва ҳеҷ гоҳ террористон ба мақсади нопоку ғаразноки худ намерасанд. Ниятҳои нопокашон ҷомаи амал нахоҳад пўшид.