Роғун – омили муҳими истиқлолияти энергетикӣ ва рушди босуботи иқтисодӣ

«Қобили зикр аст, ки лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо талошҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба «иқтисоди сабз», ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи он имконият медиҳад, ки партофти садҳо ҳазор тонна газҳои карбон ба ҳавои атмосфера кам карда шавад. Бо дарназардошти ин, мо тасмим гирифтем, ки ин иншооти ҳаётан муҳимро бо истифода аз технологияҳои беҳтарину навтарин ва мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалии сифату бехатарӣ бунёд менамоем».

Эмомалӣ Раҳмон,
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ДИС ДДТТ конференсияи илмӣ амалӣ таҳти унвони «Роғун – омили муҳими истиқлолияти энергетикӣ ва рушди босуботи иқтисодӣ» баргузор гардид. Муовини директор оид ба илм ва инноватсия доктори илми иқтисод, профессор Ризоқулов Тӯрақул Рабимқулович бо сухани ифтитоҳӣ конфронсро оғоз бахшида, дар бораи рушди иқтисодиёти кишвар дар соҳаи гидроэнергетика ва сохтмони азими аср-бунёди НБО-и Роғун маълумот дод.

Баъдан маърӯзаи доктори улуми фалсафа, профессор Расулҷон Солиҷонов дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО-и «Роғун» ҳамчун иншооти ояндасози миллат» шунида шуд.

Ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Шораҷабова М. дар мавзӯи «НБО-и «Роғун» омили афзунгардонии иқтидори содиротии Тоҷикистон» бо далелу асноди саҳеҳ дар ҳузури иштирокчиёни конфронс маърӯза намуд. Сипас маърӯазаи ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Рофибоева У.Р. дар мавзӯи «Нури Роғун – бахшояндаи ҳаёт» ва маърӯзаи донишҷӯи курси 1, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон Калонова М. дар мавзӯи «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» шунида шуд. Маърӯзачиён перомуни аҳамияти иқтисодии НОБ-и Роғун ва нақши Пешвои миллат дар бунёди кохи нур андешаронӣ карда, аз аҳли нишаст даъват ба амал оварданд, ки ба қадри сулҳу субот ва оромии кишвар расида, барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол софдилона заҳмат кашанд.

Дар поёни конфронс барномаи фарҳангии донишҷӯён хотири иштирокчиёнро болида гардонд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *