Тибқи иттилои хабаргузориҳои хориҷи кишвар ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоми 13 январ дар маркази шаҳри Хоруғ аз ҷониби кормандони ОМОН тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он як сокини маҳаллӣ захмӣ шудааст.
Мо ҳама хуб медонем, ки як гуруҳи калони ба истилоҳ “лидерҳои сиёсӣ” уҳдадор шуда буданд, ки ҳеҷ гоҳ даст ба амалҳои ношиста намезананд ва қонунро эҳтиром карда, дар сурати содир кардани ҷиноят омодаанд мувофиқи кирдорашон ҷавоб гӯянд. Ин тадбири амниятӣ ба хотири ҳифзи амният ва пурра наҷот додани Бадахшон аз гуруҳҳои ҷинояткор ба роҳ монда шудааст.
Бадахшон як пораи ватани азизи мост. Ҳамаи мардуми сарбаланди ин минтақаи зебоманзари кишвар бояд дар атрофи Пешвои муаззами миллат ҷамъ омада, муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла ҷинояткорию қочоқи маводи мухаддир садо баланд кунанд. Мо боварӣ дорем, ки дар якдилию ваҳдат ба мақсадҳои бузург мерасем ва кишвари азизамон ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил мегардад.
Мо аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ перомуни авзои имрӯзаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон матолиби зиёдеро мутолиа намуда, ҳамеша ҷонибдори сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем. Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар Бадахшон солҳои охир корҳои зиёде амалӣ шудаанд ва мушоҳида мешавад, ки мардуми вилоят барои ободу зебо ва тараққиёти иқтисодии диёри худ фаъолияти босубот бурда истодаанд.
Дар мулоқот бо фаъолон ва роҳбарони вилояти Бадахшон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башиддат аз вазъи ҷиноӣ (криминогенӣ) дар ин вилоят интиқод кард ва роҳбарони Бадахшонро айбдор кард, ки зӯрашон барои саришта кардани “се-чор ҷинояткор” намерасад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин фармон доданд, то нирӯҳои иловагие, ки барои таъмини амнияти сафари ӯ ба Бадахшон партофта шуданд, то барқарор кардани тартибот дар ин ҷо бимонанд: “Ман супориш додам, дуюм бор такрор намекунам. Шумо бинед, чораҷӯӣ кунед! Тамоми қуввае, ки ҳаст, меистад, ба тартиб дароред, баъд баромада равад!”
Мо ҳама хуб медонем, ки сокинони Бадахшон аз ҳама гурӯҳҳои ҷинояткор, тоҷирони нашъаманд ва ғайраҳо безор ҳастанд. Аз ҳамин сабаб мардуми оддиро бояд ҳимоя намуд. Дар вилоят дар натиҷаи содиршавии баъзе ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои махсусан вазнин, сатҳи умумии содиршавии ҷиноятҳо боло рафтааст. Хусусан содир намудани ҷиноятҳои ғайриқонунӣ, яъне соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бо истифодаи силоҳ содир намудани ҷиноятҳо афзудааст.
Мо аҳли ҷомеаи донишкада ба мардуми сарбаланди Бадахшон ва махсусан ба ҷавонон муроҷиат карда, таъкид менамоем, ки дар шароити кунунии авзои номусоиди ҷаҳон, аз ҷумла вазъи имрӯзи Афғонистон даст ба амалҳои номатлуб назананд, дар атрофи Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ҷамъ омада, барои ободию пешрафти Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.