Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ оид ба ҳаводиси охири кишвар ва ҳамлаи ДИИШ ба дидбонгоҳи марзӣ

Ахиран ҳамлаи аъзоёни гуруҳи давлати исломӣ ба дидбонгоҳи марзии кишвар моро хеле нигарон кард, ки ин амали ваҳшиёнаи онҳоро, мо ҳама аҳли ҷомеаи кишвар сахт маҳкум менамоем. Имрўз артиши кишвар имкон дорад, муқобили ҳама гуна иғво ва дасисаҳои душманони миллат ҷавоби сазовор диҳад ва мардуми кишвар бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва якдилу якҷон гардида, барои ободию осоиштагии ватани маҳбубамон ҷаҳду талош намоянд.

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ҳамла ба дидбонгоҳи марзии “Султонобод” кори дасти аъзои гурўҳи тундрави “Давлати исломӣ” аст. Дар ин ҳодиса як марзбон, як корманди пулис ва 15 ҳамлавар кушта шуданд.

Хатари ДИИШ имрўз на танҳо кишвари мо, балки минтақаро таҳдид мекунад ва дар мубориза бо ин гуруҳҳи ифротгаро бояд ҳама муттаҳид бошем, баҳри он талош намоем, ки ба ваҳдату ягонагии миллат халале ворид нагардад. Мо аҳли ҷомеаи донишкада ҳамлаи даҳшатбори гуруҳи давлати исломиро ба дидбонгоҳи марзӣ шадидан маҳкум менамоем ва аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки бо масъулияти баланд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди гуруҳҳои тундрав муборизаи беамон баранд.

ДИ дар ҷаҳони муосир дар ҳайси яке аз ташкилотҳои террористии воқеан ашаддӣ, дар қатори дигар созмонҳои ифротӣ қарор дорад. Башарият имрўз бо душмани умумие рў ба рў гардидааст, ки амалҳои барои худи ў муқаррарӣ дар воқеият хориҷ аз чаҳорчўбаи ҳар гуна меъёрҳои зиндагонии инсонист.

Равандҳои ҷаҳони муосир собит менамоянд, ки бо вуҷуди тадбирҳои байналмиллӣ зидди терроризму ифротгароӣ, гурўҳҳои ситезаҷў дар ҳоли фаъолнокии ҷиддӣ қарор доранд. Ин воқеият бозгўи он аст, ки дигар ҳеҷ як давлат, созмону иттиҳодияҳои бонуфуз бидуни ҳамраъйии ҷомеаи ҷаҳон наметавонанд дар мубориза бо терроризм пирўз шавад. Аз ин ру, бояд муборизаи ҳақиқӣ бар зидди терроризми байналхалқӣ ба суръат ва тамоми ҷиддият бурда шавад. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия ва Ироқро мебинем. Нисбатан муътадил гардидани авзои сиёсӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ, хатари дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа ба назар мерасанд. Имрўзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои гуногунмазмуни байналмилалӣ, алалхусус минтақаи Осиёи Марказӣ нақши басо муҳим дошта, арсаи муборизаи шадиди дохилӣ ва байналхалқӣ гардидааст, ки манфиатҳои кишварҳои гирду атроф ва ҳамсояҳои наздикро фаро гирифта, боиси сар бар задани таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ гардиданаш аз эҳтимол дур нест. Бо таваҷҷўҳ ба ин ҳолат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон оид ба мураккабиҳои ҷаҳони муосир, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард”, васеъшавии ҷуғрофияи низоъҳо ва нооромиҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд иштирокчии фаъоли ин мубориза аст. Дар ин бора Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон низ муфассал ибрози назар карда, терроризми байналмиллалиро «вабои аср» унвон карданд, ки ин бесабаб нест. Тоҷикистон бо терроризм мавқеи оштинопазир дорад ва омода аст дар ин ҷода ҳамкориҳои нафъоварро бо ҳамаи давлатҳои манфиатдор суръат бахшад. Сарвари кишвари тоҷикон бори дигар хотирнишон сохт, ки тундгароӣ ва ифротгаройии динӣ на танҳо хатари миллию минтақавӣ, балки хатари байналмиллию умумисайёравист ва муборизаи муташаккилона бо ин гуна қувваҳои ифротӣ қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии мардуми солимақли сайёра маҳсуб меёбад.

 Мо, кулли омўзгорон ДИС ДДТТ ҷавонону толибилмонро дар рўҳияи худогоҳию худшиносӣ тарбия намуда, ба қадри ин сарзамини биҳиштосо, Истиқлолият ва неъмати бебаҳои он сулҳу Ваҳдат мерасем ва баҳри таҳкими пояҳои Ваҳдату Истиқлолияти давлати хеш минбаъд низ саҳм хоҳем гузошт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *