Сафари Пешвои миллат ба Аврупо обрўву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад

Мо аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба сафари кории Сарвари давлат фикру андешаҳои худро иброз дошта, қайд мекунем, ки воқеан бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо сафар намуда, бо имзои чандин шартномаҳои муҳими давлатӣ бори дигар собит намуданд, ки ҳамеша дар фикри ободию пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Мунтазам ин иқдоми шоиста идома дода мешавад, ки як ҷузъи сиёсати мардумпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат ба ҳисоб меравад. Сарвари кишвар зимни сафарашон қайд карданд, ки асли ҳамаи пешравию тараққиёт ва кафили зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дорад. Ин ҳақиқати куллро ҳар як шаҳрванди комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтар мефаҳмад ва бо тамоми вуҷуди худ эҳсос мекунад.

Вале тариқи расонаҳои иттилоотӣ нохалафони миллат, гурўҳҳои ифротӣ ва неруҳои ғаразнок, зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, бо истифода аз вазъияти ба амаломада мехоҳанд боз ба майдони сиёсӣ ворид шуда, кинаву адоват кошта, фазои ороми ватани маҳбуби моро ноором созанд. Онҳо ҳадафҳои муғризонаи худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ рўпўш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд. Вале дар асл мақсади онҳо дигар намудани сохти дунявии давлатдории кишварҳои минтақа буда, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ аз ҳама гуна роҳу восита истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи  қувва ва зўрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рў ба рў омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллии онҳо осебпазир гардидааст.

Бо назардошти чунин андешаварзӣ, фикри сареҳу равшани шахсиятҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ истиқболи ҳамаҷониба намуда, тақозои онро дорем, ки бе ҳизбҳои бемояву тахрибкор ва анҷуманҳои навтаъсис ҳам муҳити сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон пок ва рукнҳои давлатдории он қоиму барпо хоҳанд истод. Алҳол, Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҳаргуна ҳизбу анҷумнҳо ба пешниҳоду маслиҳатҳо ниёз надорад. Дар интиҳои изҳороти хеш, метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи  амалии онҳоро таъмин намуданд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд  ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузошта, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

 

Мо боварӣ дорем, ки сафарҳои Пешвои миллат ба кишварҳои Аврупо обрўву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, барои рушди ҳамкориҳои судманд ва пешрафти ватани азизамон заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *