ДИИШ – ваҳшонияту ҷиноятҳо нисбати ҷомеаи ҷаҳонӣ

Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ), ки дар натиҷаи ахирон тащйири ном, дар айни замон Давлати Исломӣ (ДИ) ном гирифтааст, ташкилоти террористии ифротиест, ки дар ҷаҳони муосир мавқеи хеле ҷиддӣ пайдо кардааст. Ин ташкилот фаъолияти дигар ташкилоти террористӣ «ал-Қоида»-ро омӯхта ва таҳлилу хулосабарорӣ карда, барои такроран роҳ надодан ба баъзе амалҳое, ки ҳамчун корҳои хато гӯё имконият надодаанд «ал-Қоида» ба матлабҳои худ бештар бирасад, кӯшишҳои ҷиддӣ ба харҷ медиҳад. Аз он ҷумла, ба аҳолӣ қабули ақидаҳои мазҳаби ба вай номаълум – салафияро иҷборан зам намекунад, балки исломи анъанавиро дастгирӣ менамояд.

Роҳбари ин созмони террористӣ Абӯ Бакри Бащдодӣ интихоб гардидааст, ки ӯ моҳи июни соли 2014 дар бораи барпо гардидани халифат  эълом дошт. ДИ қаблан дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои исломӣ (ба истиснои ташкилотҳои шиа ва курдӣ) амал мекард. Баъди барпо гардидани коалитсияи байналхалқӣ бар зидди ДИ бошад – ин созмони террористӣ, ҳамчунон, дар ҳамдастӣ бо ал – Қоида ва баъзе гурӯҳҳои мухолифини Суриё, ба монанди ХАМАС ва «Ихвон – ул – муслимин» дар Миср,  амалҳои разилонаи худро идома дода истодааст.

ДИ имрӯз, мутаасифона, тавонистааст дар сатҳи байналмиллалӣ амалҳои ваҳшониятофар ва разилонаю зиддиинсонии худро ба амал барорад. Мисолҳои зиёде дар ин радиф метавонанд мавриди таҳлил қарор дода шаванд, ки боиси нигаронии катъии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд. Ҳамла ба маҷаллаи «Шарли Эбдо» дар пойтахти Фаронса, сарбурии кӯдакон дар Покистон, амалҳои террористӣ дар дигар мамолики Аврупо ва боз амсоли ин амалҳои ин созмонро метавон номбар кард. Ин ҳодисаҳо маротибаҳо собит менамоянд, ки ифротгаройии динӣ хобу хаёл нест ва зоҳиршавии онро дар ҳар шакле метавон интизор шуд. Ҳамин гуна ҳодиса дар мамлакатҳои дигари Аврупо, ва на танҳо дар ин минтақа, метавонад ба вуқӯъ пайвандад. Муҳим он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дақиқан эҳсос кард, ки дар баробари хатари умумисайёравӣ бояд паҳлӯи ниҳодҳои фикрӣ, рӯшангарӣ, амниятию интизомӣ бо ин қувваи ҷиддии ифротӣ мубориза барад ва дар ин роҳ аз тамоми имкониятҳо ва захираҳо истифода намояд.

Барои ҳар чӣ паҳновартар гардонидани амалҳои террористии худ ва ба ҳадафҳои разилонаи хеш расидан, давлати исломӣ ба аъзогии худ шаҳрвандони дигар мамлакатҳои ҷаҳонро фаъолона ва бо фитнаю тавассути ваъдаҳои бардурӯщ ҷалб менамояд. Тибқи маълумотҳои ВАО ҳар моҳ ба сафи ташкилот на камтар аз 1000 ихтиёриёни хориҷӣ ҳамроҳ мешаванд, ба щайр аз сафарбарии аҳолӣ дар худи Ироқ ва Суриё. Миқдори умумии хориҷиён бошад на камтар аз 16000 нафарро ташкил медиҳад. Дар аъзогии ин ташкилоти террористӣ намояндагони 80 мамлакати дунё қарор доранд.

Мақсади ин ташкилот – барҳам додани сарҳадҳое мебошад, ки дар натиҷаи тақсимоти Халифати Усмонӣ ба вуҷуд омада буданд, ва барпо намудани давлати исломии суннимазҳаб, ҳадди ақал дар сарзамини Ироқ ва Шом, дар ниҳояти кор дар тамоми олами исломӣ.

ДИ дар ҷаҳони муосир дар ҳайси яке аз ташкилотҳои террористии воқеан ашаддӣ, дар қатори дигар созмонҳои ифротӣ қарор дорад. Башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ ба рӯ гардидааст, ки амалҳои барои худи ӯ муқаррарӣ дар воқеият хориҷ аз чаҳорчӯбаи ҳар гуна меъёрҳои зиндагонии инсонист.

Ҳодисаи субҳи 6-уми ноябри соли равон, ки дар дидбонгоҳи “Ишқобод”-и отряди сарҳадии “Султонобод” рух дод, нишон медиҳад, ки ҳанӯз душманону хоинони миллат тоҷик, ба ҳар восита мехоҳанд, фазои орому осудаи Ватанро халалдор ва қалби миллатро ғамгин созанд. Аммо, ҷасорату матонат ва диловарии фарзандони содиқи ин Ватан ҳамеша сипари бузург дар муқобили душманон гардид, ки тири онҳо хок хӯрд. Ду нафар фарзандони ин сарзамин барои Ватан ҷони худро нисор намуданд.

Равандҳои ҷаҳони муосир собит менамоянд, ки бо вуҷуди тадбирҳои байналмиллӣ зидди терроризму ифротгароӣ, гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар ҳоли фаъолнокии ҷиддӣ қарор доранд. Ин воқеият бозгӯи он аст, ки дигар ҳеҷ як давлат, созмону иттиҳодияҳои бонуфуз бидуни ҳамраъйии ҷомеаи ҷаҳон наметавонанд дар мубориза бо терроризм пирӯз шавад. Аз ин рӣ, бояд муборизаи ҳақиқӣ бар зидди терроризми байналхалқӣ ба суръат ва тамоми ҷиддият бурда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд иштирокчии фаъоли ин мубориза аст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш низ муфассал ибрози назар карда буд. Маҳз сарвари кишвари Тоҷикон терроризми байналмиллалиро «вабои аср» унвон кард, ки ин бесабаб нест. Эмомалӣ Раҳмон қотеъона иброз намуд, ки Тоҷикистон бо терроризм мавқеи оштинопазир дорад ва омода аст дар ин ҷода ҳамкориҳои нафъоварро бо ҳамаи давлатҳои манфиатдор суръат бахшад. Сарвари кишвари тоҷикон бори дигар хотирнишон сохт, ки тундгароӣ ва ифротгаройии динӣ на танҳо хатари миллию минтақавӣ, балки хатари байналмиллию умумисайёравист ва муборизаи муташаккилона бо ин гуна қувваҳои ифротӣ қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии мардуми солимақли сайёра маҳсуб меёбад.

ассистенти кафедра молшиносӣ ва
фаъолияти гумрукӣ
Раҳматуллоев А.У.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *