ИЗҲОРОТИ  аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ дар посух ба нигоштаи Муҳаммади Одинабек таҳти унвони «Интиқом шуруъ шуд»

Мо, устодону шогирдони ДИС ДДТТ аз он шигифтаем, ки рӯзҳои охир «рақибони сиёси»-и кишварамон бо суръати том бо Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон гӯиё «ҷанги иттилоотӣ» мебаранд. Навиштаҳои онҳо ягон пояи воқеӣ надоранд. Аз ҷумла Муҳаммади Одинабек дар мақолаи худ таҳти унвони «Интиқом шуруъ шуд» ҳар он амали ваҳшиёнае, ки солҳои навадум аз ҷониби домуллотарошони ҲНИ ба вуқуъ омада буд, ба ҳукумати ҳозири нисбат медиҳад, ки дурӯғи маҳз аст. Халқ имрӯз аз гузаштаи таърихи худ огоҳии комил дорад ва медонад, ки майдоннишиниҳои наҳзатиён, инсонбадбинии онҳо буд, ки ҷанги дохилӣ сар зад. Имрӯз онҳо мехоҳанд, ки ҳамингуна бесарусомониҳо боз рух диҳаду онҳо озодона нақшаҳои тарҳрезинамудаашонро дар амал тадбиқ намоянд.

Онҳо гумон мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи онҳоро ҳимоя мекунанд. Ва ҲНИ-ро чун ҳизби комили рақиби сиёсии Тоҷикистон эътироф мекунанд, аммо  воқеъияти ҳол нишон медиҳад, кия гон амали созандаи онҳо барои ояндаи Тоҷикистон манфиатовар нест.

Шаҳрвандони кишвар дар ҳамаи ҷода, идоракунии мамлакат, истеҳсолот, хоҷагии қишлоқ, варзиш, санъат ва ғайра мақоми пешро ишғол карда омада истодаанд. Онҳо идроки сиёсӣ доранд.

Ҳеҷ ҳоҷат нест, ки онҳо ба гурӯҳҳои экстремистии ифротгаро рафта ҳамроҳ шаванд ва ҳаёти пурҷӯшу хурӯши худро ба нангу ор омехта созанд. Ҳар як фарди ҷавон  бояд дар мамлакати худ кӯшиш ба харҷ диҳад, ки онро шукуфон гардонад. Насли бунёдкор ва пешбар бошад. Барои таъмини халқи худ аз ҷиҳати модиву маънавӣ саҳмгузор бошад.

Он шахсоне, ки аз номи дини ислом имрӯз ҷавонони роҳгумкардаро ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб намуда истодаанд худ Ватан, дин, мазҳаб, оила надоранд, агар медоштанд ба ин роҳ намерафтанд!

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *