Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ дар мавриди гирдиҳамоии мухолифон дар Олмон

Аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ баргузории ҳамагуна гирдиҳамоиҳоро дар хориҷи кишвар маҳкум менамоянд. Аз ин тазоҳурот ва фарёду фиғонҳо чи суд, онҳо ба ҷуз танқиду бадгӯиҳо нисбати давлату миллат дигар коре карда наметавонанд. Бас аст ин ҳама буҳтону бадхоҳи нисбати давлату миллат.

Мо аз расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштем, ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши эъломияи матбуотӣ эълон кардааст, ки 10 декабри соли ҷорӣ дар рӯбарӯи  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии бузурге баргузор хоҳад кард. Хандаоварии ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҳарчӣ коре, ки анҷом медиҳанд, аввал ин ё он кумита ё гурӯҳро ба ном ҳасту халос ташкил ё номгузорӣ мекунанд. Барои он ки мардум ба онҳо бовар кунанду ҷонибдори ташаббусҳои ғаразонаи онҳо бошад.

Аз ҷониби дигар ин чӣ хел Кумита аст, ки бо зиндониёни сиёсӣ кору фаъолият дорад ва барои озод намудани онҳо кӯшиш менамояд? Қонунҳои давлату ҳукумат дар замони муосир по бар ҷо ва мустаҳкам аст ва ягон эҳтиёҷ ба таклифу пешниҳодҳои онҳо ҳам нест. Суд медонад, ки ба кӣ чи гуна ҳукмро раво бинад. Хуб шудааст, ки давлату ҳукумати кунунӣ ҷомеаи азизу муқаддаси моро аз чунин инсонҳои хатарнок пок месозад.

Хулоса, дар ин шароити бисёр вазнин ва сангнини ҷаҳони имрӯз мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расида, барои ободии ватани азизамон сарҷамъона ҷаҳду талош намоем. Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст ва рушди иқтисодии кишвар ва дастовардҳои соҳибистиқлолии моро бадхоҳони миллат дидан намехоҳанд. Ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва нагузорем, ки душманони миллат бо афкори заҳрогини худ мардуми моро ба сӯи гумроҳӣ баранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *