Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ дар мавриди фаъолияти Паймони миллӣ, ТЭТ ҲНИ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро

Имрӯзҳо ҳамоишҳое, ки  бо иштироки ҲНИ дар кишварҳои аврупоӣ баргузор мегарданд, изҳороти роҳбарони Паймони миллӣ ва ҳаводорони он дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ, гузоришҳои бархе аз рӯзноманигорон, ки воқеиятро ғайримунсифона таьрир мекунанд, мардуми сулҳҷӯву озодихоҳ, бонангу номус, ватандӯсту хештаншиноси кишварро ором гузошта наметавонад.

Роҳбарон ва аъзоёни ин гуруҳҳои бадхоҳ  ва дигар гуруььои ифротгаро фаъолияти ғаразнок, зишт, амалҳои ғояҳои ғайриинсонӣ, террористиву ифротгароии худро зери ниқоби дини мубини ислом рӯйпӯш намуда, бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ба ҳадафҳои нопоки худ – бо роҳи табаддулот, зӯроварӣ, бо истифодаи яроқ ва куштору хунрезӣ ғасби давлати қонунӣ расиданӣ буданд. Аммо Ислом динест, ки ҷавҳари онро  ахлоқу маданияти покиза ташкил медиҳад ва олуда намудани он ба сиёсату сиёсатбозц дар шароити кунунц аслан ыобили ыабул нест.

Дастовардҳо, музаффариятҳое, ки имр=з Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба даст овардааст, бадхоҳони миллатро ором гузошта наметавонад. Дар сатҳи хеле баланд ва бо шукӯҳи шаҳомати бепоён таҷлил гардидани ҷашнҳои фархундаи миллӣ аз он шаьодат медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи интихобкардаи худ чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву иҷтимоӣ устувор қарор дорад, музаффариятҳои бадастовардаи худро ҳифз карда метавонад ва ягон қуввае вуҷуд надорад, ки онро аз ин роҳ дур созад. Бадхоҳони миллат бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки оромии кишвар, сулҳу суботи мардумро халалдор созанд ва мамлакатро аз нав ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ  кашанд. Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ба ин ниятҳои нопоки худ расида наметавонанд. Фаромӯш насозед, ки Тоҷикистон имр=з дар мақоми яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода  қарор дорад ва фарзандони баору номусаш Модар-Ватани хешро аз ьар гуна ыувваьои бад ҳифз карда метавонанд.

Мо ҷавонон амалҳои ғайриқонунӣ, даъвоҳои роҳбарони фирории ҲНИ ва ҳаводорони онро дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ беасос ва бедалел ҳисобида, ҷавобан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар аз пештара дида бештар аҳлу тифоқ, муттаҳид гардида, барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро  мегузоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *