Рушди худшиносии иҷтимоӣ ва худогоҳии миллӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ

   Масъалаи омўзиши фарҳанг ва худогоҳии миллии халқи тоҷикро дар замони соҳибистиқлолӣ оѓоз намуда, ёдовар мегардем, ки марҳалаи мазкури давлатдории  тоҷикон  аз ҳодисаҳои  таърихии ибтидои солҳои навадуми садаи ХХ,  яъне аз эълондории эъломия оид ба Истиқлолияти давлатӣ ва таъсиси  давлати соҳибихтиёри мустақил 9-сентябри 1991 то ба имрўз давом дорад.

   Сарзамини ниёгони мо таърихи ҳазорсолаҳо дорад, ки дар он халқи тоҷик чандин сохти давлату давлатдориро аз cap гузаронида, таҷрибаи бойро аз бар кардааст. Бо амри таърих давлатҳои сершумори хурду калон паси якдигар аз арсаи таърихӣ рафтанд, ҳар кадоми онҳо нақши худро гузоштаанд. Аммо халқи тоҷик чун вориси қонунии аҷдоди худ ба ҳар гуна фишору зўроварӣ ва хавфу хатар тоб оварда, худро аз нестшавӣ нигоҳ дошта, ватани худро муҳофизат карда тавонист.

   Сарнавишти миллати тоҷик дар тўли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз буд. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиѓааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ѓаниву рангин сохтааст.

   Таърихи бою кухани кишварамон воқеаҳои бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангиро фаро мегирад, ки ҳар кадоми онҳо дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд Ноил гардидан ба идеалҳои олии истикдолият, худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва барпо намудани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ аз замонҳои қадим умеду орзуи халки тоҷик буд. Дар таърихи навин волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ махсуб меёбад.

        Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ қабл аз ҳама ташкилшавии ҷумбишҳои сиёсию ҳизбҳои сиёсӣ, ки ҳар кадом хусусияти маҳаллию минтақавӣ доштанд, ҷомеаи ягонаи тоҷикистониёнро ба қисмҳо пора карда, ваҳдати миллиро зери хатари ҷиддӣ гузоштанд. Ҷунин вазъият ба он боис гашт, ки дар як марҳилаи муайян роҳнамое боқӣ  намонд, ки он ҳадафҳои ниҳоии ин ҷумбишҳои сиёсию ҳизбҳои сиёсиро муайян мекарда бошад, чунки ҳам акторҳои сиёсӣ ва ҳам электорат хуб медонистанд, ки ҳадафҳояшон хилофи ҳамдигаранд. Азбаски ҷомеаи Тоҷикистон дар ҳама сатҳ ба тарафҳои мухолиф ҷудо шуда буданд,  кори тарбияи ахлоқӣ ва худшиносии миллӣ дар канор монд. Гурўҳҳои дар Тоҷикистон ба вуҷуд омада, ҳар кадом танҳо дар сар андешаи манофеи худ доштанд. Инро сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўзномаи «Российская газета» ишора карда таъкид доштанд, ки «…дар ҳар мамлакат марказҳои гуногуни қувваҳое ҳастанд, ки бисёр вақт бо ҳамдигар мубориза бурда, кўшиш мекунанд нақшаҳои ба ҳамдигар муқобили сиёсиро амалӣ созанд…»

  Ҷумҳуриро бисёр мутахассисон болаёқат, аз ҷумла  олимон, духтурон, муаллимон, меъморон, лоиҳакашон, адибон тарк намуданд.  Барои аз нав барқарор кардани соҳаи гуногуни хоҷагии халқ ва фаъолияти корхонаҳои  истеҳсолӣ маблаѓи  зиёде  лозим буд. Вазъи  иқтисодию   иҷтимоии ҷомеа хеле заиф буд.  Пас аз баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 1992 дар Хуҷанд ва тозаинтихоб гаштани раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Точикистон, фарзанди баруманди тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардум онро чун Иҷлосияи тақдирсоз унвон кардаанд,  вазъи сиёсии кишвар тадриҷан рў ба мўътадилӣ овард. Ў исбот кард, ки воқеан ҳам ҳомии миллат аст, дақиқназарона, андешамандона, ботаҳаммул қувваҳои бо ҳам зид, ақидаҳои дар назари аввал оштинопазирро ба созиш овард, барои ба даст овардани сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ ҷасорати шахсӣ нишон дод. Ба ҳама фаҳмонида тавонист, ки ба ҳам омадан ягона роҳи наҷоти Тоҷикистон аст ва пора-пора, қисм-қисм нашудан низ гувоҳи тақдири баланди мост. Маҳз бо кўшишу заҳматҳои зиёди сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати нисбатан кўтоҳ шароити ногувори мамлакат бартараф карда шуданд. Аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат қонуну қарорҳои мушаххас қабул карда шуданд, ки ба манфиати халқу  ватан  буда, ба пойдории сулҳи  дилхоҳ  ва  ибтидои  болоравии ҳама тарафҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тоҷикистониён заминаи устувор  гузошт.

        Қабули  Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  6-уми ноябри соли 1994, имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ 27-уми июни 1997 дар шаҳри Маскав имкон фароҳам оварданд, ки ба тадриҷ муассисаҳои соҳаи иқтисодию фарҳангӣ,  корхонаҳои истеҳсолии калону хурд, китобхонаҳо, театрҳо, кинотеатрҳо, клубҳо, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ѓайраҳо, ки  аз  фаъолият бозмонда  буданд, аз нав ба кор оѓоз намоянд.  Дар ин ҷо бамаврид аст хотирнишон созем, ки барҳақ  Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд,  ки  «раванди эҷоди сулҳ ва оштии мо хело боарзиш аст ва барои бисёр мамолики ихтилофзо мактаби омўзиш хоҳад буд».

         Дар давоми солҳои сипаришуда бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо мо бо роҳбарии окилонаи сарвари муаззам  таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурўъ намудем. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқавориро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем. Ҷиҳати таҳкиму суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқ пайгирона амалӣ шуда истодааст. Аксари коршиносони ҷаҳон сари он ақидаанд, ки агар ҷумҳурӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида намешуд, муваффақиятҳои он бештар мебуданду мушкилоти иқтисодӣ камтар.

        Баробари  ин,  дар солҳои мазкур мо тавонистем бо такя ба устуворию  матонат, шуҷоату далерӣ, хисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ба сулҳу субот ва вахдати миллӣ замина гузорем,  гузаришро аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ба дигар муҳайё намоем, бунёди таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли тоҷикистониёнро ба даст орем ва тавонем пайванди чомеаи худро бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ташкил медихад, таъмин намоем.

        Ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Шарқиву Ҷанубӣ ба нафъи ҳамаи халқҳо ва суботу пешрафти кишварҳоямон мебошад.  Точикистони соҳибистиқлол сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро барои ояндаи наздик тарҳрезӣ менамояд. Бо интихоби роҳи усулан нави пешрафти давлат, ки ба арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда такя менамояд, таҳкурсии устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд мегардад.

Фаррух Турсунов, устоди ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *