Изҳорот оид ба ҲНИ ва фаъолияти ғайриқонқнии он!

Таърих гувоҳ аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ амал мекард. Яке аз онҳо ҲНИ (Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон) буд, ки дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна ягона ҳизби сиёсии исломӣ ба ҳисоб мерафт.
Мо хуб медонем, ки дар Ватани азизи мо – Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гуруҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ мавҷуд буданд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда буд, ки худ паси парда назорат мекарданд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёрро фаромӯш мекарданд.
ҲНИ агар дар аввали фаъолияташ диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, пас роҳбарияти он бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурданд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, пирони рӯзгордида, ҷавонон, омӯзгорону шогирдон – мо ҳама шукрона аз ин рӯзҳо, аз ин зиндагонии хушу хуррам дорем. Ҳама бо кореву ҳунаре андармон дар фазои сулҳу амонӣ умр ба сар бурда истодаем. Барои мо аз ҳама чизи муҳим ин сулуҳ амонӣ ҳаст, ки мо онро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.
Лекин дар ин даврони тинҷию амонӣ моро як чиз ба ҳайрат меорад, ки як тоифа зархаридони беватан, ки дар ватани азизи мо бародарро бо бародар низоъ андохтанд, дар хориҷи кишвар зери тозиёнаи хоҷагони худ давлати ободи- Тоҷикистонро зери танқид мегиранд ва як гуруҳи инсонҳои беватанмондаи ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ мебошад, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу восита, истифода аз расонаҳо дар олам номи кишвари моро доғдор намоянд.
Бинобар он мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба чунин рафтори хоинонаи онҳо нафрат орем ва ҷавононро ба ватандӯстӣ, ҳифзи Ватан даъват намоем. Нагузорем, ки ҷавонон ба он рафтору кирдори номатлуби чунин хоҷагони гумроҳ гардида, фирефта нашаванд.

Раҷаб Раҷабов,
устоди кафедраи математика ва технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *