Изҳорот оид ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва фаъолияти ғайриқонунии онҳо

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии мо садҳо ҷавонон бо шомил шудан ба иттиҳоди ҷиноятӣ, аз қабили ҳизбҳои ифротию гуруҳҳои террористӣ дастгир ва бо моддаҳои гуногуни қонуни ҷиноӣ айбдор карда шудаанд. Дар байни шолмилшудагон ҳастанд нафароне , ки воқеан азми сафар ба Сурия ва дигар мамлакатҳои арабро доштаанд. Ҳатто нафароне мулкашонро фурӯхта, барои шаҳид шудан ба ин кишварҳо хатти сафар кашидаанд, дар ҳоле ки фарзандонашон гуруснаю рӯзгори обод надоранд. Албатта, ба чунин гурӯҳҳо шомил шудани ҷавонон ин маърифати пасти динӣ доштани онхо ва ҳамчунин як қатор омилҳои иҷтимоӣ мебошанд.
Ташкили созмону гуруҳҳои экстремистӣ барои ҳифзи амнияти арзишҳои исломӣ набуда, балки танҳо ба хотири бадномкунии дини ислом мебошад. Дини исломро дар симо ва амалу кирдорҳои зидди башарии террористон набояд ҷустуҷӯ намуд.
Шахсан мо ҷонибдори сулҳу амонӣ ва оромию тинҷии кишварамон буда, ҳеч вакт аз тасмими ин ҷавонони гумроҳзада дастгирӣ нахохем кард. Мо давлати демократӣ дорем. Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунд эълон шудааст. Имрӯз кишвари моро кулли давлатҳои ҷаҳон шинохта ва эътироф намудаанд.
Ба ҷавонон муроҷиат карда, таъкид мекунем, ки фирефтаи афкори бегонагон нагардед, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ напайвандед, зиндагии худ ва аҳли хонаводаатонро ҳаргиз тираву тор нагардонед. Шукронаи Ватани ободу озоди худ намуда, барои фардои дурахшони Тоҷикистон хидмат намоед.

Муъминов М.
Раҷабов Р.,
устодони кафедраПи математика ва технологияи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *