Изҳороти муаллимаи калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ А. Калонова оид ба гирдиҳамоии мухолифин дар Олмон
Мо, ҳамватанон, аз ҷумла омӯзгорон воқеаву ҳодисаҳое, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир руҳ дода истодаанд бетараф гузошта наметавонад. Шоиста нест, ки ҷавонон гирифтори қавли бебунёди се-чор нафар хурофотпарасту ифротгаро шуда, арзишҳои олии миллӣ ва ватандории худро нодида гиранд.
Боиси таассуф ва нигаронист, ки имрӯз аз ҷониби бархе аз ҳамватанони мо амалҳои носавобу бехирадона сар зада истодаанд. Вақте мебинем, ки ҳамватанони мо нисбат ба ин арзишҳои муқаддас беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд, мо бояд хомӯшу бетараф набошем.
Бовар кунед, вақте аз расонаҳои хабарӣ огоҳ мешавем, ки дар хориҷи кишвар гуруҳ ва ё ҳизбе даст ба тазоҳурот зада, алайҳи Тоҷикистон бадгӯӣ мекунанд, сахт нороҳат мешавем. Магар мо воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро фаромӯш кардем. Тоҷикистони азизи мо бо дасисаи аҷнабиён ва фиреб хӯрдани иддае аз ашхоси гумроҳшуда ба ҷанги нангини шаҳрвандӣ кашида шуд. Кишвар талаву тороҷ карда шуда, ҳазорҳо-ҳазор нафар ҳаммилатонамон бегуноҳ қурбони дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ гаштанд.
Аммо, ин ҳама барои мо дарс нашуд, ки боз дар Олмон бо сарварии раиси ТЕТ ҲНИ М. Кабирӣ ва чанде ҷавонони ноогоҳ гирдиҳам омада, фарёду валвала мебардоранд, ки ҳуқуқҳои мо поймол гаштаву Тоҷикистони озоду демократт мехоҳем.
Ба ин бехабарон муроҷиат карда гуфтаниям, ки мо дигар фирефтаи афкори заҳролуди шумо нахоҳем гашт. Бас аст тафриқаву ҷудоиандозиҳо. Биёед, ба шукронаи ободию осоиштагии Ватан, сулҳу ваҳдат даст ба чунин амалҳои ношоиста назанем ва обрӯи кишварро дар арсаи байналмилал паст накунем. Тоҷикистон сол то сол ба пешрафтҳои назаррас ноил гашта истодааст ва мо боварӣ дорем, ки ҳеҷ гуруҳе ва ё ҳизбе наметавонад ба амнияту осиштагии ватанамон халале ворид намояд.