Изҳорот оид ба АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОН

Изҳороти устоди кафедраи муносибатҳи байналмилалии ДИС ДДТТ Пулатова М.Ғ.оид ба АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОН
Ҳамагон хуб медонем, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Мехостам дар бораи таъсиси созмони наве бо номи Анҷумани озодандешони тоҷик, ки яке аз гуруххои экстремистӣ ва ифротгароӣ мебошад, сухан ронам. Ба ҳамагон маълум аст, ки Анҷумани мазкур маҳз бо ташаббуси кадом «озодандешон» таъсис дода шуд. Ин Анҷумани озодандешон нест, балки анҷумани террористон аст. Ин созмони навтаъсиси “озодандешон”, ки худ тавқи гуломӣ дар гардан доранд, аслан ба мафҳуми озодӣ ва озодандешӣ сарфаҳм намераванд, ба қавле худ намедонанд, ки намедонанд ва гирифтори ҷаҳли мураккабанд.
Имрӯз, ки онҳо ба амалҳои нопоки худ мехоҳанд зидди Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту нифоқу кина барангезанд. Онҳо рӯзе зери номи ин анҷуман нақшаҳои нопоки худро татбиқ намуданианд. Боиси тааҷҷуб аст, ки онҳо номи Тоҷикро ба Анҷумани худ ҳамроҳ кардаанд, ки ин тамоман ғайри қобили қабул аст. Зеро тоҷики асл дар Ватан аст ва ё берун аз бошад ҳам дар хизмати Ватан аст. Чунин хоинону гурезагон ва имонфурушон ҳуқуқи истифодаи вожаи Тоҷикро надоранд ва ҳамчунин қабил ашхосон миллатҳам надоранду онҳо ғуломи молу давлати хоҷагони худ мебошанд. Тоҷикистонро кулли мардуми олам бо фарзандони сулҳовару ташаббускораш эътироф намуда, ҳусни таваҷҷуҳ доранд. На бо хоинону Ватанфурушонаш.
Мо зидди чунин афроди хоину ватанфуруш муборизаи беамон мебарем. То ин, ки хоинону душманони миллати мо несту нобуд гарданд. Мо ҷавонон барои ҳимояи Ватан аз душманону хоинонаш ҷони хешро дареғ намедорем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *