Изҳорот оид ба филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва суханронии яке аз асосгузорони ҲНИ Аёмиддин Сатторов

Мо, устодони кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро ҳаматарафа дастгирӣ карда, дахолати онҳоеро, ки аз хориҷа  истода нисбати сиёсати имрӯзаи давлати мо тӯҳмат мезананд, сахт маҳкум менамоем. Мо медонем, ки аксарияти онҳо ҳамон шахсоне мебошанд, ки дар солҳои 90-ум аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои заруриро гирифта, ҳамчун зархаридони хоин Тоҷиистони азизи моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд. Аммо он вақт бо қаҳрамониву ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик аз ин вартаи ҳалокат раҳоӣ ёфта, имрӯз ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувори худро гузошта истодааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ Аёмиддин Сатторов, маъруф ба Мулло Аёмиддин ва Мавлавӣ Аёмиддин, яке аз асосгузорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ) дар видеои нимсоатае, ки бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” нашр шуд, ҳамҳизбони собиқашро дар тамоми мушкилоти солҳои истиқлоли Тоҷикистон айбдор карда, таъкид менамояд, ки наҳзат дар оғоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ даст ба корҳои ғайриқонунӣ мезад. Чанде пеш генерали мардумӣ Эшони Қиёмиддини Ғозӣ дар филме аз рӯзгори худу фаъолияташ дар ҲНИ нақл намуда буд, ки сокинони икшвар онро тамошо карда, аз кирдорҳои  террористии ҲНИ огоҳ гаштанд. Филми дигари мустанад бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам» рӯи навор омад, ки қаҳрамони ин филм низ яке аз поягузорони ҳизби наҳзат Сатторов Аёмиддин бо лақаби Мавлона Аёмиддин мебошад.

Аёмиддин Сатторов дар ин видео раиси ҲНИ Муҳиддин Кабириро айбдор мекунад, ки ӯ одами мазҳабӣ нест, балки аз аҳли тиҷорат буда, аз парчами Ислом барои пешбурди манфиатҳои тиҷоратиаш истифода бурда, молу мулк ва сарвати зиёд ҷамъ овардааст. Кабирӣ ҲНИТ-ро ба як ҳизби шиъагаро табдил дод. Аёмиддин Сатторов Кабириро одами тасодуфӣ номида, мегӯяд, ба роҳбарии ҲНИТ омадани Кабирӣ ӯ ва дигар аъзои собиқадори ҳизбро нороҳат карда буд.

Дар ин филм мардуми кишвар бори дигар ба амалҳои пасипардагӣ ва террористии ТЭТ ҲНИ огоҳ шуданд ва ҳама дарк карданд, ки ободию ороми Ватан дастоварди муқаддастарин барои ҳар як сокини кишвар мебошад.

Имрӯз халқи тоҷик дӯстро  аз душман фарқ карда метавонад ва дигар фирефтаи хоинон нахоҳад гашт. Мо, устодон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки на фақат донишҷӯёнро, балки аҳолии маҳаллиро низ дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳуввияти  миллӣ тарбия намоем.

Ф. Турсунов,
М.  Бобоев,
устодони кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *