Имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломиро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда ба мардум ҳушдор дода истодаанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то баста шудани ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои ободонии Ватан ба мисли донаи гандум саҳме нагузоштааст, ки инро вақт ҳамчун ҳаками бузург собит кард.
Ба фаъолияти ин ташкилоти террористӣ агар назар афканем мушоҳида мешавад, ки касе ба ин ташкилоти ифротгароёна шомил шуд, тақдири ояндааш сӯхт. Яъне ё паси панҷара рафт ва ё бехонаву дар шуд, ё аз зану фарзандонаш ҷудо шуд, ё зану фарзандонашро бо дасти худ ваҳшиёна ба қатл расонид ва ё дур аз Ватан ба ёди ёру диёр ҳамчун саги дайду умр ба сар бурда истодааст.
Аз фаъолияти ин ташкилот маълум аст, ки касе ки аз ин ташкилот ҷонибдорӣ кард аз доираи одамигарӣ берун шуд ва дар забон номи поки Худо даст ба амалҳои бешарафонаву разилона ба мисли одамкушиву террористӣ, қатлу куштор, фаҳшу зино ва амалҳои разилона даст зад, ки боиси нафрати тамоми мусалмонон гардид. Дар ҳақиқат имрӯз ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як манбаи даҳшатафканиву террористтайёркунӣ табдил ёфта, аъзову пайравони он ҳатто оддитарин меҳру шафқат ва арзишҳои инсониро поймол карда, бо истифода аз номи дини мубини ислом бар зидди дин ҷанг эълон кардаанд. Ин нохалафон боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шуда, мардумро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо мекашанд.
ҲНИТ хизби ноком, ки худро зери ниқоби дини мубини ислом гирифта, бо сўистифода аз номи Худованд мехоҳад ба ҳокимият ноил гардад, аммо дар таҷриба исбот гардид, ки ҷомеаи Тоҷикистон аксарият мусулмон буда, ба ин ҳизб ниёз надорад ва мардум дигар ба ваъдаю дасисаҳои он бовар надоранд.
Моро зарур аст, ки аз ин бешарафони бадтинати намакзада дурӣ ҷуста нагузорем, ки фазои ороми муқаддаси Ватанамонро дубора ғуборолуд кунанд.
Абдурашидова М.А.,
мутахассис оид ба лоиҳаҳои инноватсионӣ