Мо кормандони шуъба оид ба намоиши қисми 1-2 филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам”, ки тариқи телевизиони маҳаллӣ пахш шуда истодааст тамошо намуда, нисбати суханронӣ-иқроршавии яке муассисони ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ҲНИ Сатторов Аёмиддин доир ба паҳлўҳои фаъолияти таҳрибкоронаи ТТЭ ҲНИ андешаронӣ хоҳем намуд .Дар рафти тамошои филми ҳуҷҷатӣ мушоҳида карда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки бе ягон фишороварӣ Сатторов А нисбати роҳбари ҲНИ сухан карда, роҳбари онро зери эроди ҷиддӣ қарор додааст. Агар паҳлуи суханҳои собиқ ҳизби ҲНИ-ро мавриду таҳлил қарор диҳем, маълум мегардад, ки он ҷиноятҳои содиркардаи аъзоён Ҳизби назҳати исломӣ бори дигар тасдиқ шуда истодааст. Бо баробари ин оид ба баъзе нуктаҳои сухани Сатторов А. месазад ҳатман хулосабарорӣ карда, қайд менамоем, ки ҳизби таҳрибкор ба сафи худ аксарияти ҷавонони зудбовар, дорои усулҳои заифи ахлоқӣ доштаро, ки ба таври сода ақидаҳои ифротгарио қабул менамоянд, ҷалб намуда, дар урдугоҳҳои Мозандарон ва Ароқу Бумеҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон машқҳои “ҷангӣ” ташкил ва гузаронида мешаванд. Воқеан ин ҳолат ташвишовар аст. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки ҷиҳати пешгирии ин ҳолат бо ташаббус ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”қабул гардидааст. Мақсади қонуни мазкур ин пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Воқеан аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 7 сол пур шуда бошад ҳам, мутаассифона мушоҳидаҳо аз филми мустанад собит месозад, ки иддае аз волидон дар тарбияи фарзандон ҳоло низ беаҳамияти зохир мекунанд. Беаҳамиятии онҳо то ҷое расидааст, ки фарзандони онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Бо назардошти вазъияти ба амаломада зарур бояд шуморид, ки баҳри амали намудани қонуни мазкур дар ҳамбастагию иртибот бо муассисаи таълимӣ ва аҳли ҷомеа падару модарон рисолати хешро дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд сарбаландона иҷро намуда, наслеро ба воя расонанд, ки дар рушду тараққии кишвар саҳми созандаи худро гузоранд. Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва арҷгузории фарзандон ба заҳматҳои шабонарӯзии волидон пайваста андешаҳои ҷолибу омӯзанда баён менамояд. Аз ин рў, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандўсӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан,эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир ва таблиғоти ифротгароӣ падару модаронро мебояд, ки аз гузашта бештар ва аз имрӯза хубтар бо руҳияи баланду болида дар самти тарбияи фарзанди хеш бо ифтихору қадрдонӣ кўшишу ғайрат намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва фарҳангдўстамон камари ҳиммат баста дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, талаботи замон аст.