Баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён дар асоси татбиқи принсипҳои раванди Болония

Дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-16 июн дар ДИС ДДТТ онлайн-конфронси илмӣ-методии байналмилалӣ дар мавзуи “Баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён дар асоси татбиқи принсипҳои раванди Болония” баргузор гардид.

IMG_5954
13
8
3
17
14
IMG_5954
13
8
3
17
14
previous arrow
next arrow

Дар конфронс шарикони байналмилалии лоиҳа: Донишгоҳи илмҳои амалии Лауреа, Финландия, Донишгоҳи Окани Истамбул, Туркия, инчунин шарикони маҳаллӣ, коршиносони варзида ва корфармоён ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи пленарии конфронс муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., профессор Қодирзода Д.Б., директори ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ., д.и.ф., профессор Саидзода Х.А. – ҳамоҳангсози лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, д.и.и., профессор Аминов И. – ҳамоҳангсози лоиҳа, муовини директор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Дар ҷаласаи пленарӣ аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи илмҳои амалии Лауреа, Финландия, Донишгоҳи Окани Истамбул, Туркия, Донишгоҳи тиҷорат, иқтисод ва ҳуқуқи Белгород ва ДИС ДДТТ маърӯзаҳои пурмазмун карда шуд.

Маърузаҳо ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, муносибати салоҳиятнок дар ташкил ва таъмин намудани раванди таълим, рушди ҳамкории муттасили донишгоҳ ва корфармоён, натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён тавассути ҷорӣ намудани принсипҳои раванди Болония, таҳияи усулҳои инноватсионии таълим ва дигар мавзуъҳои марбут бахшида шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *