Истиқлолият – пешрафти  ҷомеа.

 

 Ба ҳамаи мо маълум аст, ки таърихи ҳар як миллат ба таърихи давлат ва ҳуқуқи ӯ яъне конститутсияи он бевосита алоқаманд мебошад. Мақсаду мароми халқи тоҷикро конститутсияи он муайян кардааст, ки ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Тоҷикистони азизи мо тули 29 соли истиқлолиятӣ худ пастию баландиҳои зиёдеро пушти сар намуд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар давоми солҳои истиқлолият дар соҳаи демократикунонии системаи ҳуқуки-судӣ қадамҳои устуворе гузошта шуданд.

Баъди соҳибихтиёр эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 ислоҳоти асосии иқтисодиёт ба амал омада, шаклҳои гуногуни моликият ба вуҷуд омаданд.

Бояд қайд кард, ки дар кишварҳои бузургу  мутарақи магар пешравию такомули иқтисодиёти онро бе ваҳдату ягонагӣ, бе ширкати фаъолонаи ҳар яки узви ҷомеа тасаввур кардан мумкин аст? Албатта не.

Ваҳдату ягонаги дар ҷомеа- ин қувваи бузург дар ҳақиқат аз меҳру муҳаббати Ватану- ватандорӣ, қудрати созандагию бунёдкорӣ барои Ватан модар қувват мегирад ва афзун мегардад.

Имрӯзҳо ҳазор ҷавонони  соҳибистеъдоди оянда ҷомеаи моро номбар кардан мумкин аст, ки ба фаъолияти муҳими сиёсӣ давлатӣ, эҷодӣ, соҳибкорӣ ва ғайраҳо машғул мебошанд.

Дар Тоҷикистони азизи мо имрӯзҳо тамоми имкониятҳо барои таҳсил, илмомӯзи фароҳам мебошад.

Бо боварии калон гуфта метавонем, ки пешрафти ҳаёти ҷомеаи маданӣ, тарақиёти иқтисодию – иҷтимои сохторҳои механизмҳои давлатӣ соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи маориф ва болоравии муносибатҳои байналмиллалии Тоҷикистонро водор намуд, ки ба конститутсияи худ тағироту иловаҳо ворид намояд.

Ҳамин тариқ, аз лаҳзаи эълон гардидани Истиқлолият дар Тоҷикистон масъулияти кормандони мақомотҳо ва сохторҳои давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо ва соҳибкорон баланд шуда, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи оиди фароҳам овардани асосҳои конститутсионии инкишофи минбаъдаи иқтисоди озод ва  соҳибкорӣ назаррас гардид.

Истиқлолият сарчашмаи музаффарият ва омили муҳими бақои миллат мебошад.

Мо бояд ҳамеша истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намоем Бо баракати истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ҷомеаи мо рушд ҳоҳад кард.

Ҷашни 29 солагии истиқлолияти Тоҷикистонро Донишкадаи мо ба дастовезаҳои арзандаи илмӣ истиқбол менамояд.

Бигузор истиқололият ифтихори доимии ҳар як шаҳрванди  Тоҷикистон бошад

 

Омӯзгори калони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи

 ДИС ДДТТ   Алиматов Ҳакимбой

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *