ТАЪМИНИ ИТТИЛООТИИ ДАВЛАТ – ҶУЗЪИ ТАРКИБИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

 

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан шабакаҳои интернет, бахусус асосан аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода карда, ғояву андеша ва мақсадҳои нопоки хешро паҳн менамоянд. Бояд қайд кард, ки вазъи ҳосилшуда ва афзоиши таъсири ВАО-и хориҷӣ, алалхусус олами ғарб ба афкори умум дар аксар маврид ба амнияти иттилоотии мамлакатҳо метавонад таҳдид ба бор оварад. Ташкилоти террористиву экстремистӣ, умуман бадхоҳони давлату миллат барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнокашон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи ифротиаашонро ба роҳ мондаанд. ки яке аз роҳҳову усулҳои таблиғотии онҳо мебошад. Сомонаҳои интернетии таблиғотии террористӣ ва экстремистиро ба монанди “Пайванд”, “Садои мардум”, “Минбари мухоҷир” мисол овардан мумкин аст, ки дар кишварҳои Аврупо, бахусус, аз ҷониби роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи-24 мунтазам баромади ифротӣ менамоянд. Умуман, ин ҳолатҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ВАО-и хориҷӣ имрӯз дар тамоми гӯшаву канори олам фаъол буда, он мутааллиқ ба манофеи кишварҳои муайян буда, дар ҷанги иттилоотии давр аён мебошанд. Бинобар ин, насли имрӯз дар ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунанд, ки ҳар лаҳза метавонад ба идеология ва андешаи он нофаҳмию каҷпиндориро ба бор биёрад. Аз ин лиҳоз, бояд фазои хатарзои иттилоотиро бо маводҳои ҷолиб, ки воқеъияти кишвари моро ба ҷаҳониён инъикос карда тавонад, тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ пурра намудан зарур аст. Дар ин росто, ҳар таҳдиде, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ифротию террористӣ ба роҳ монда мешавад, дарҳол мебояд онро аз фазои иттилоотӣ дур кард. Зеро таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар шароити ниҳоят мураккаби муносибатҳои гуногуни ҷомеаи байналмилалӣ ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдорист. Ин омил ҳамаи моро ба дарёфти тадбиру роҳҳои муқовимат бо онро водор менамояд.

Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки ҳар яки моро зарур аст то ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро анҷом диҳем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модаронро масъулияти азим мебояд. Зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза буда, метавонад дар таъмини амнияти иттилоотии давлат, ки ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад нақши муҳим бозад.

 

Р.МАНОНОВА, устоди ДИС ДДТТ

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *