Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ оид ба гирдиҳамоии мухолифин дар Олмон ва андешаҳои иғвоангези онҳо

Аҳли ҷомеаи донишкада баргузор намудани гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин, ки ба санаи 10-уми декабр ба нақша гирифта шудааст, боиси нигаронии мо гардид. Онро Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон эълон карда будааст ва гӯиё Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз Ҳукумати Тоҷикистон аз зиндон раҳо кардани як гуруҳ маҳбусонро талаб кардааст.

Сухан дар бораи озод кардани Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров меравад. Маъмулан, ин се нафар зиндониён бо қарори додгоҳ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.  Нафароне, ки дар Аврупо ҳастанд ва худро шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, бо баргузории гирдиҳамоӣ мехоҳанд, ки боз ба обрӯи кишвари худ латма зананд.

Дар Берлин гирдиҳамоӣ ташкил намуда боз як бори дигар мехоҳанд, ки обрӯи Ҳукумати Тоҷикистонро паст зананд ва бо ҳамин корашон, ки ба назарашон талаби ҳақиқату адолат мекунанд.

Дар гирдиҳамоӣ боз талаб мекунанд, ки рӯихати террористони кушташуда дар маҳбаси рақами 3/3 шаҳри Хуҷандро нашр кунанд. Ин ҳам барои минбаъд аз хоҷагони хориҷӣ бо нишон додани рӯихат гирифтани маблағ аст на чизе дигар.

Душманони миллати мо маҳз аз рӯи ҳамин принсип корбарӣ доранд, ободии кишварро дида наметавонанд, камтарин мушкилиро калон карда нишон медиҳанд. Эълон мекунанд, ки ба ҳама нохушиҳои Тоҷикистон Ҳукумат айбдор ин ва ё онҳои зиёдро паҳн мекунанд.

Мо фаъолияти пасипардагии ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароро маҳкум менамоем. Баргузории митингу гирдиҳамоии мухолифинро маҳкум менамоем ва дар шароити кунунии замони муосир ба онҳое, ки мехоҳанд обруву нуфузи кишварро паст мезананд, нафрат мехонем. Гирдиҳамоии мухолифин як дасисаи навбатии бадхоҳони миллат мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *