Ислом зуҳуроти номатлуб ва дахшатноки терроризму ифротгариро шадидан махкум менамояд!!!

Пешвои муаззами миллат дуруст таъкид доштанд, ки «зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву масхабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баракс, аз ҷониби душманони ин дин муқаддас рухандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».
Дар асл шариати исломӣ зуҳуроти номатлуб ва дахшатноки терроризму ифротгариро шадидан махкум намуда, мусулмононро ба вахдату бародарӣ, иттифоқу хамдилӣ, раҳму шавқат, эхтироми байниҳамдигарӣ, иззату икроми волидайн ва дар маҷмӯъ ба аъмоли нек рахнамоӣ мекунанд.
Ба ҳар сурат, терроризму ифротгароӣ имрӯз мушкилоти рақами яки саёра аст. Ҳар як давлат муваззаф аст, ки барои пешгирӣ аз паёмадҳои ин зуҳурот аз тадбирҳои мушаххас ва муассир кор гирад.
Кишвари мо, Тоҷикистон, аз минтақаҳои даргири терроризм аз нигоҳи ҷуғрофӣ як андоза дар канор бошад ҳам, фаромӯш набояд сохт, нооромии минтақа ва кишварҳои ҳамсояву ҳаммарз метавонад, моро ором нагузорад. Зеро паси зуҳури ҳодисаҳои террористӣ ва ифротгароӣ қурбониву хисороти ҷониву мулкии ҳазорҳо нафар инсон муқаррар дорад, ки ин падида ҳеҷ як нафар аз мардуми соҳибиродаву соҳибақлро ором гузошта наметавонад. Чунонки дар гузоришу паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама вақт таъкид мешавад, кишвару давлати мо терроризмро дар ҳама шаклу падидаҳояш қатъин маҳкум менамояд. Ҳукумати кишвар агар бо қабули қонуну созишномаҳо ин равандро суръат бахшад, шаҳрвандони он ҳар амали марбут ба терроризму ифротгароиро сари вақт маҳкум менамоянд. Набояд фаромӯш намуд, ки мубориза бо терроризм зуҳуроти барои инсоният бегона, бино бар мураккабияш вазифаи дарозмуддат ва ҳамарӯзаи бани башар аст. Бояд ҳар нафар, хоса насли ҷавон, ки таҳарруку эҳсоси зудтарканда хоси онҳост, дар бартараф ва пешгирӣ намудани ин падидаи фалокатбору ваҳшатзо саҳм гузорад ва пеш аз анҷоми ҳар амал аз оқибату натичаҳои он андешад.
Дар шароити шиддатёбии ҷаҳоншавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷахонӣ эктремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол кардааст. Бо ин мақсадҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷистон низ бо падидаҳои экстремистӣ маҷмӯи чорабиниҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида истодааст. Аз ин ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ – ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеъи марказиро амали Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди тероризм ва эксремизм ишғол мекунанд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006 № 1717 тасдиқ шудааст.
Айни замон, дар шароити бархурди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеъа маҷмӯи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо зарурият, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фархангӣ – миллӣ, ғояхои пешкадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри XXI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст, роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро бе бозгашт пеш гирифтааст, зарурати тарғибу ташвиқи тарзи солими ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон барало мушоҳида шуда истодааст.
н.и.и., сармуаллимаи
кафедраи иқтисодиёти
ҷаҳон Мухитдинова Ш.С.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *