Имрӯзҳо мафҳуми ифрот ва ифротгароӣ байни мардум пахн гардида, ҳар кас ин мафҳумҳоро ба таври худ мефаҳмад.
Дар фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми «ифрот» ба маънои аз ҳад (андоза) гузаштан дар коре, ифрот кардан (намудан), аз ҳадди эътидол гузаштан (гузарондан), дар коре зиёдаравӣ кардан омадааст. Яъне, ифрот – ин зиёдаравӣ дар коре ва ё дар иҷрои ягон амале мебошад. Фарқ надорад, ки амал дар кадом соҳа ва дар кадом сатҳ сурат мегирад, зиёдаравӣ ва аз ҳад гузаштан ин ифрот аст. Калимаи ифротгароӣ бошад, решаи мафҳуми ифрот дошта, шахсеро ифротгаро меноманд, ки майл ба ҷониби зиёдаравӣ дорад. Ифротгароӣ аз меъёр гузаштан ва зиёдаравӣ дар ҳар амале ва иҷрои коре фаҳмида мешавад. Як шахс метавонад, дар хӯрдан, нӯшидан, суханронӣ намудан, харҷ кардан, ибодат кардан ва дар дигар корҳои рӯзмарраи ҳаётӣ зиёдаравӣ намояд.
Аммо, мо дар ин ҷо кабл аз ҳама атрофи зиёдаравии динӣ ва ё ифротгароии динӣ ҳарф мезанем. Сабаб дар он аст, ки имрӯз падидаи ифротгароии динӣ боиси нооромӣ, ҷанг, низоъ, вайроншавии суботи сиёсӣ ва ҷанги байни мусулмонон ва сабаби дигар мушкилотҳои ҷомеаҳои имрӯзаи мусулмоннишин гардидааст.
Бояд гуфт, ки маънои ифротгароӣ ҳамзамон навъе тафаккур ё фаъолияти ҷамъиятиеро ифода мекунад, ки шахси пайрави он фақат ба боварҳои худаш арзишу бартарӣ қоил буда, нисбат ба меъёрҳои мавҷудаи муҳит ва ҷомеа муносибати сахтгирона, бадбинона ва оштинопазир, яъне ифротӣ дорад.
Ифротгароии динӣ яке аз маъмултарин шаклҳои ифротгароӣ буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Шахси ифротгарои динӣ маъмулан аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро интизор ва тақозо менамояд.
Вақте шахс дар фазои динӣ амалдошта зиёдаравӣ мекунад, хоҳу нохоҳ ӯ бо анъанаҳои мавҷудаи ибодат зиддият нишон медиҳад ва бо онҳо дар мухолифат қарор мегирад. Чунин ҳолат, бешубҳа, барои фазои сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоии ҷомеа муаммои нав эҷод менамояд. Нуктаи нозуки масъала ҳамчунин дар он аст, ки мардуми соҳиби эътиқод арзишҳои диниро муқаддас мешуморанд ва дар ягон ҳолат таҳқир ва паст задану камарзиш шуморидани онҳоро таҳаммул надоранд. Бинобарин, вақте ҳар нафаре онро нодуруст ва камаҳамият маънидод менамояд, зуд нисбати чунин рафтор муқобилият нишон медиҳанд. Мисол, вақте ҷавоне тарзи намозхонӣ, рафтору кирдор, шакли зоҳирӣ, тарзи муносибати гурӯҳеро нисбат ба дин нодуруст ва нописанд мешуморад, баҳси оштинопазир дар байни ду аъзои ҷомеа ба миён меояд. Гузашта аз ин, вақте нисбати мавзӯи дин ду ҷониб тарзи эътиқоду ибодати ҳамдигарро таҳқир мекунанд, муқобилияти онҳо то ба ҷанги мазҳабӣ ва ҷисман нобуд кардани ҷонибҳо рафта мерасад.
Аз сабабе, ки тарзи фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нестанд, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Кӯшиш мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализми динӣ ба марҳилаи сеюми худ, яъне ба марҳилаи терроризм мегузарад.
Бояд қайд намуд, ки маънои луғавии террор – ин таҳдид, тарсонидан ва даҳшатафканӣ буда, истилоҳи терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё иқтисодӣ анҷом додани амали террор ё даҳшатафканиро ифода мекунад. Дар ин марҳила ифротгароён ба таҳдид, зӯроварӣ ва қатлу куштор рӯ оварда, амалан ба ҳаракати террористӣ табдил мешаванд.
Имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ ҳамчун силоҳи муборизаи геополитикӣ ва ҳамчун неруи тахрибгари сиёсӣ-низомӣ барои давлатҳо, миллатҳо ва инсонҳо хатари ҷиддии ҳаётӣ пеш овардаанд, ки мубориза ба онҳо қарзи ҷонии ҳамаи миллатҳову давлатҳо, тамоми қишрҳои ҷомеа ва аз ҷумла қарзи мо ҷавонон мебошад.
Ассистенти кафедраи иқтисодиёти
ҷаҳон Шораҷабова Шаҳноза Зафаровна