Тоҷикон аз аҳди қадим то ба имрӯз миллати соҳибтамаддуну бофарҳанг, озодихоҳ, сулҳпарвар, бунёдкор, инсондӯст буду ҳаст ва хоҳад монд. “Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек” шиори гузаштагони мо буд, ки имрӯз низ маънӣ ва моҳияти худро дар замони соҳибдавлатӣ, соҳибистиқлолӣ гум накардааст.
Мутаасифона ҷомеаи имрӯзаро гурӯҳи ифротгароён халалдор месозанд, зери ниқоби ислом амал карда хуни мардуми бегуноҳро мерезонанд. Ифротгароӣ- роҳ ба сӯи гумроҳӣ мебарад. Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад- динӣ ё дунявӣ онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон карда ба амнияти ягон минтақа ё тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд. Фаҳмиши зарурати дар ҷомеаи тоҷик баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқи фарҳангӣ муҳим аст. Арзиши ҳуқуқи инсон ва таҳаммулро мардуми мо бояд пешаи ёрии худ донанд, бо ин роҳ мақоми иҷтимоии худро бифаҳманд, муноқиша ва низоъҳоро тавассути роҳҳои ҳуқуқӣ ва ба таври осоишта ҳал карда тавонанд. Ҳамин роҳ мардумро ба муқобили ифротгароӣ хуб тайёр мекунад.
Ислом дини ифротгаро нест. Исломро бояд ба маънии аслиаш шинохт, зеро ислом дини покӣ, росткорӣ, худотарсӣ буда пайравони худро ба покӣ, ҳақиқат, адолат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят мекунад. Дар ислом на аз ҳад гузашта ва на кам гашта, на чизе беҳудаву бекор ва на ба чизе ташбеҳ дорад. Касе тасдиқ ба дил, иқрор ба забо, амал ва аҳкому аркони дин ва қабули анбиё алайҳиссалом ва дигар аҳкоми шариатро дорад, метавон онро инсони диндор номид. Мусулмонон бояд аз дини худ фахр намоянд. Ислом бе имон ба даст намеояд.Ислом зуҳуроти ифротгароиро мақбул намедорад. Кирдори ваҳшияна, қотилона ва хоинонаро маҳкум мекунад. Мардумро муттаҳид месозад, муқобили золимону ҷоҳилон мебарояд, ҳамаро ба баробарӣ ва бародарӣ даъват мекунад. Шахсоне, ки ба дини ислом пайравӣ мекунанд мусулмонон меноманд, ки маънояш барпо кардани сулҳ аст. Шиори дини ислом бо сулҳу салоҳ зиндагӣ кардан ва байни ҳамдигар ҷангу ҷидол накардан аст. Аз ин лиҳоз дини исломро барпокунандаи сулҳу ваҳдат меноманд.