Сабақи таърихии солҳои 90-уми асри сипаришуда то ҳол асари хешро дар хотираи мардум боқӣ гузошта, аз ҷиҳати равонӣ ба руҳияи ҷомеа таъсири амиқ гузоштааст.
Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои хешро дар арсаи байналхалқӣ устуворона гузошта, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри ободонӣ ва суботи ҷумҳурӣ ҳар чӣ бештар камари ҳиммат бандад. Халқи тоҷик дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, дар осмони софу беғубори кишвар бо меҳнати софдилона арзи ҳастӣ менамояд, ки аз ваҳдату якдилии тоҷику тоҷикистониён дарак медиҳад.
Дар баробари он ки ҷавонон як қишри асосии ҷомеа арзёби гардидаанд боз эшон ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукуматти мамлакат қарор додаанд, бар замми ин боз давлат ва хукумат вазифадор аст, ки барои фардои Тоҷикистон насли солим тарбия намояд ва заминаҳои фардоро имрӯз муҳайё созад. Барои фароҳам овардани чунин шароити созгор мебояд содиқона барои халқу миллати хеш хизмат намоем ва номи ин миллати тоҷдорро дар арсаҳои байналмилалӣ шинохта гардонем.
Имрӯз давлат пуштибони ҳамон ҳақиқату асолате аст, ки онро ислом собит месозад, на ин ки ба маънои “диндорони наҳзатӣ” амал мекунад. Ба эътиқодоти мардум, ки онҳо кай намоз мехонанду кай ибодат менамоянд касе ба ин сару кор надорад, шароити мусоиди озодии мутлақро барои тоату ибодат муҳайё кардааст.
Фаромӯш кардан он қадар кори осон нест, ки дар гузаштаи начандон дури мо чи қадар ҷавонону наврасони мо, ки гирифтори доми гурӯҳҳои ифротгоро гашта буданд онҳоро аз кишварҳои хориҷабар гардонида, аз чанголи ифроту терроризм халос наҷот дода буданд. Ин миннати кори карда нест, танҳо дар омади сухан гуфта гузаштан хеле рамзист, агар давлат аз ояндаи наврасону ҷавонон пуштибонӣ накунад ва онҳоро амнияти онҳоро таъмин насозад пас ин вазифаи кист.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, падару модарон ва мураббиёну муаллимон масъули тарбияи фарзанднамон ҳастем беҳтар он аст, ки дар ин синну солашон онҳоро ба роҳи рост бурдан осонтар аст ва ҷаҳонбиниву дониш ва бовару назарҳояшон ҳанӯз комил нашудааст, худамон таълимоти илмҳои муосирро дар зеҳаншон ҷо намоем. Ба мақсади неки худ мерасем, онҳоро ба руҳияи меҳанпарастӣ ҳидоят намоем.
Нодирҷон Ҷалолов, устоди ДИС ДДТТ,
номзади илми иқтисод, дотсент