ИСЛОМҲАРОСӢ ВА ИСЛОМБАДБИНӢ ШЕВАИ ЭКСТРЕМИСТӢ

 Исломҳаросӣ ва исломбадбинӣ шева ва мақсади ниҳоии дастгоҳҳои иттилоотии экстремистӣ буда, онҳо ба ин восита мусулмононро бар зидди дини таҳаммулпазир ва сулҳофарини ислом даъват намуда, неруи умматӣ исломиро дар сохтмони “Давлати террористӣ истифода мебаранд”. Ҳадафи меҳварӣ ва фалсафаи аслии иттилоотии тақфириҳо ин аст, ки дар чашми ҷаҳониён дини мубини исломро ҳамчун омил ва василаи хушунатбор, ифротӣ, тақфири ваҳшатофарину террористӣ ва ақибрафта муаррифӣ намоянд. Ноогоҳӣ ва бехабарӣ аз аҳком ва аркони дини мубини ислом, паст будани сатҳи маърифати динӣ, надоштани дониши сиёсӣ, бетафовутӣ ва надоштани мавқеъ дар оила ва ҷомеа, нокомиҳои иҷтимою иқтисодӣ, тангдастиҳои рӯзгор ва муҳтоҷӣ, муҳоҷират, ба синфҳои доро ва камбизоат ҷудошавии инсонҳо омилҳои асосии гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ буда, онҳо ба дасисаҳои дастгоҳҳои иттилоотии ҷалбкунандагон бовар менамоянд. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилоотии экстремистӣ, ки худ фарҳангсузу миллаткушанд, дар атрофи худ муштариёни зиёдеро ҷалб намуда тобеъи худ сохтаанд! Чунин ангезаҳои иттилоотӣ амнияти равонӣ ва ахлоқии ҷомеаро заҳролуд намуда, ҳамзамон бовариҳои эътиқодӣ, шарофати инсонӣ ва ҳаёи мардумро месӯзанд. Ин омили қотил ва маргзо боиси аз ҳам пошидани риштаҳои низоми ҷомеа, давлат, оила ва азбайнравии кишварҳо мегардад.

Яке аз омилҳои дигари боло рафтани радикализатсияи ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба ташкилотҳои террористӣ ин нарасидани ашхоси соҳибмаълумоти динист. Терроризм бештар дар байни ҷавонони бемаълумот, ки зери таъсири андешаҳои ғайрианъанавӣ меафтанд реша давонидааст. Созмонҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро метавон гуфт, дар ин раванд саҳми ночизе доранд. Ҷавонон бо ҷойи он, ки руй ба китоб оваранд, беҳтар медонанд, ки барои машварат ва маслиҳат ба муллоҳову диндорони ба назарашон обрӯманд муроҷиат кунанд, бахусус дар маҳалҳо ва деҳаҳо, ки мардум аксаран ба муллоҳои худ такя мекунанд.

Андешаи он, ки гурӯҳҳои ифротгаро бештар ҷавононеро, ки дар вартиаи қашшоқӣ ҷой доранд, ба худ ҷалб карда ба онҳо пулу маблағҳои калон ваъда медиҳанд, шояд то андозае ҷой дошта бошад, аммо онро мутлақ гардонидан нашояд, зеро он чиз аён аст, ки гурӯҳҳои ифротгаро ҳангоми танқиди ҳукумат ва режими мавҷуда ҳатман ишора ба вазъи вазнинии иҷтимоиву иқтисодии кишвар мекунанд.

Бояд гуфт, ки ҳеҷ инсоне, аз модар террорист таваллуд намешавад ва ин муҳит аст, ки бо таъсиргузорӣ бар амали анҷомдодаи ҳар шахс сабаби ба вуҷуд омадани ҳисси интиқом ва сипас терроризм мешавад. Таҳқиқотчиёт бар он назаранд, ки камбизоатӣ, камбағалӣ, беадолатӣ, ва зулм асос барои сафедкунии амалҳои террористӣ мебошанд ва террористон ин рамзҳоро хеле моҳирона аз худ менамоянд ва мардумон баъзан ба онҳо бо чашми раҳмат ва назари хайрхоҳона нигоҳ мекунанд. Аммо бояд донист, ки дар ин ҷо ягон вобастагӣ нест. Терроризмро хусусияти таҳрибкорона, хушунат, бераҳмонаи он, ки сарҳади аниқ надоранд, муттаҳид мекунад. Фаромуш набояд кард, ки террор дар кадом шакле, ки набошад муқобили ҷони инсон аст ва он ҳамеша бояд маҳкум карда шавад.

Ягона омиле, ки боиси нигоҳдошт ва пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад сулҳу амнияти инсонӣ мебошад. Бани башар дар тули таърих ба бисёр ҷангҳо, хунрезиҳо, нооромиҳо ва бесарусомониҳо рӯ ба рӯ гардидааст, вале онҳо иродаи инсонро барои ҳаёти хушбахтонаву оромӣ нишикаста, баръакс инсонро барои бар зиддӣ ҳама гуна мушкилоти глобалӣ истодагарӣ намудааст. Ҷаҳони имрӯза ва мардуми сайёраро задухурдҳои мусаллаҳона, амалиётҳои ҷангӣ, қатлу куштор дар сарзамини Ироқ, Сурия, Яман, ва Афғонистон сахт ба ташвиш овардааст.

Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории хеш Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус мақомоти қудратии кишвари мо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм дастболо гашта имрӯзҳо низ муташаккилона муборизаро идома дода истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон таи солҳои охир дар раванди муборизаи фаъол ва муассир бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддира, силоҳ ва ҷиноятҳои кибернетикӣ-иттилоотӣ бо кишварҳои дуру наздик ҳамкориҳои босамар дошта вусъату тақвият бахшидани онҳоро аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии мамлакат мешуморад.

Дар ин замина ҳар яки мо кормандони мақомотҳои давлатӣ, балки намояндагони тамоми табақаҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бояд дар зери партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз навовариҳои илму техникӣ, аз ҷумла техникаи компютерӣ ва имкониятҳои шабакаи иҷтимоии Интернет бархурдор ва донишҳои диниву дунявии зиддитеррористӣ ва зиддиэкстремистӣ мусаллаҳ буда, дар тан ҷавшани имону Ватандӯстӣ ва дар дил муҳаббат ба миллату эҳсоси оштинопазирӣ бо ҷинояту ҷинояткорӣ муттаҳид гардида, якҷоя баҳри аз байн бурдани тамоми зуҳуротҳои номатлуби ҷомеаи имрӯза муборизаи беамон барем, то баҳри наслҳои ояндаи худ заминаи боэътимоди ҳаёти осоиштаро муҳайё созем.

Қурбонов Файзалӣ ассистенти

кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *