Гирандагони стипендияи Раиси вилоят муайян гардиданд

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ давоми ҳафтаи равон имтиҳоноти довталабон барои гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Суғд баргузор гардид. Тибқи қарори якҷояи ҳайати комиссияи имтиҳонот барои гирифтани Стипендияи Раиси вилоят, аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд донишҷӯёни зерини Донишкада ба гирифтани Стипендия мушарраф гаштанд.

  1. Ҳоҷибоева Сафия
  2. Ҳоҷиева Парвинахон
  3. Тошев Ардавон
  4. Файзиев Иброҳим
  5. Ғаниева Нилуфар
  6. Ҳоҷиева Наргисхон
  7. Сатторова Дилшода
  8. Худойбердиева Сабрина
  9. Орифова Зебунисо
  10. Атоходжаева Моҳирахон
  11. Ғуломшова Мавзуна

Ҳамчунин ба магистрантон ва аспирантони зерини Донишкада, ки дар имтиҳони Стипендияи Раиси вилояти Суғд муваффақ гардиданд, стипендия дода мешавад.
Магистрантон:

  1. Қурбонов Файзалӣ
  2. Маҳадёров Акобир

Аспирантон:

  1. Раҳматова Заррина
  2. Гадойбоева Шоҳина
  3. Содиқова Гавҳар
  4. Ҷабборов Абдурашид

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳамзамон имтиҳонҳои Стипендия Раиси шаҳри Хуҷанд барои донишҷӯён аз шаҳри Хуҷанд баргузор гаштааст, ки дар он донишҷӯёни зерин аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба гирифтани стипендия мушарраф гардиданд.

  1. Қосимова Фарзона
  2. Аҳророва Фарзона
  3. Раҳмонова Зумрад

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола имтиҳонҳо барои гирифтани Стипендияҳои Раиси вилояти Суғд барои донишҷӯёни болаёқати вилоят, раисони шаҳру навоҳии вилоят барои донишҷӯён баргузор мегардад, ки аз ғамхориву дастгирии Ҳукумат ва роҳбарияти вилоят нисбати ҷавонон ва донишҷӯён арзёбӣ карда мешавад. Мо аҳли Донишкада аз донишҷӯёни таълимгоҳ, ки ба гирандагони Стипендияи Раиси вилоят мушарраф  гардиданд ифтихор дошта, барояшон дар ҷодаи таълиму илмомӯзӣ барору комёбиҳо орзумандем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *