Иштироки ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар ҷамъбасти чорабинии шаҳрии “Бист рӯзи ҷавонӣ”

Дар майдони муҷассамаи Исмоили Сомонӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳазорон нафар омӯзгорону донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбӣ чорабинии шаҳрии ҷамъбасти “Бист рӯзи ҷавонӣ” баргузор гардид.
Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо шиору овезаҳо ва парчаму навиштаҷотҳо, ки аксарият таҷассумгари сулҳу дӯстӣ ва шукргузорӣ аз оромиву осудагии кишвар, ҷонибдории ҷавонон аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат ва ифтихор аз миллату сарвари давлати хеш, дар ин маъракаи муҳим иштирок намуданд. Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ суханронӣ карда, ҷавононро нерӯи азими пешбарандаи давлату ҷомеа хонд ва ояндаи дурахшони кишварро аз саъю кӯшиш ва заҳмату садоқати ҷавонон нисбати давлату миллати хеш арзёбӣ намуд. Иҷрокунандаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз баромад карда, ба гирандагони Стипрендияи Раиси шаҳри Хуҷанд мукофотпулиҳоро тақдим намуд ва барои онҳо дар омӯзиши илму дониш комёбиҳо таманно кард.
Сипас, ҳофизони хушовози эстрадаи шаҳри Хуҷанд баҳри болидахотирии ҷавонон барномаи консертӣ намоиш дода, сурудҳои тараннумгари ишқу ҷавонӣ, ватанхоҳиву ватандорӣ ва ифтихор аз миллату давлатро суруда, ба ҷавонони саодатманди мо як ҷаҳон таассуроти рангин бахшиданд.
Ҳамин тариқ ҷамъбасти чорабинии шаҳрии “Бист рӯзи ҷавонӣ” бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, барои насли ояндасози миллат-ҷавонони бонангу ори мо хотираҳои фаромӯҳнопазир боқӣ гузошт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *