Дар толори амфитеатр, воқеъ дар боғи Қасри Арбоби ноҳияи Б. Ғафуров бо иштироки ҳазорон нафар омӯзгорон, донишҷӯён ва ҷавонони вилояти Суғд маросими ҷамъбасти “Бист рӯзи ҷавонӣ” баргузор гардид.
Дар қатори ҳайатҳои дигар муассисаҳои таҳсилоти касбии олӣ ва миёнаи вилояти Суғд, ҳайати васеи профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар чорабинии ҷамъбастии “Бист рӯзи ҷавонӣ” фаъолона иштирок намуданд. Чорабиниро муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуда, ҷавононро нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон муаррифӣ кард. Ҷавонони саодатманди вилояти Суғдро Раиси вилоят бо ин иди фархунда табрик гуфта, барояшон дар саҳмгузорӣ баҳри фардои дурахшони Ватан, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, садоқату матонат ба кишвари маҳбуб ва омӯзиши илмҳои муосиру пешбурди ҷомеа барору комёбӣ орзу кард.
Барномаи бошукӯҳи консертӣ, ки аксари иштирокчиёни он донишҷӯёни ҷавон буданд, ботантана намоиш дода шуд. Ҷавонон ва донишҷӯёни муассисаҳои гуногуни вилоят бо шиору овезаҳои “Ҷавонон ояндаи дурахшони миллат”, “Мо бо шумоем Пешвои миллат”, “Мо ҷавонони саодатманди вилояти Суғд бо Шумо-Пешвои миллат ифтихор дорем”, “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро ҷонибдор ҳастем” ва ғайраҳо баромад карда ба чорабинӣ ҳусну қубҳи рангин бахшиданд.
Гирандагони Стипендияи Раиси вилоят, ки дар толори махсус ҷой гирифта буданд, лентаҳои сарисинагии “Гирандаи Стипендияи Раиси вилояти Суғд” пӯшида, аз онҳо аҳли ҳар муассисае, ки донишҷӯяшон гирандаи Стипендия буд, ифтихор мекарданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳамчун армуғони идона ба аҳли ҳунар гулчанбари Раиси вилояти Суғд тақдим карда шуд. Бо ҳамин чорабинии идонаи ҷамъбасти “Бист рӯзи ҷавонӣ” дар вилояти Суғд анҷом пазируфта, барои иштирокчиён як ҷаҳон хотироти рангин боқӣ гузошт.