Мо қаблан зимни маколаву изҳоротҳо нисбати хоинони миллат, алалхусус вобаста ба фаъолияти таҳрибкоронаи раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ борҳо андешаи хешро иброз дошта будем. Ин навбат низ вобаста ба хоинони миллат ибрози андеша намуда, гуфтанием, ки воқеан роҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ хизматгорони хоҷагони аҷнабӣ ҳастанду бо супориши онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ дурӯғ мегӯянд, тақаллуб мекунанд ва бадтарин ва кабеҳтарин амалҳоро анҷом медиҳанд. Дар робита ба ин, бояд ёдовар шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 800 нафар узви ҲНИ барои алақамандӣ бо ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дастгир гардида, зиёда аз 1000 нафарро барои гирифтани таълимоти террористӣ-экстремистӣ ба пойгоҳҳои террористиву экстремистии кишварҳои хориҷӣ фиристодааст. Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 75 узви ТТЭ ҲНИ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣва экстремистии ДИИШ, “Ансоруллоҳ”, «Ихвону-л-муслимин, “Салафия” “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷамоати Таблиғ”, “Гуруҳи- 24” ва ғайра боздошт гардиданд.
Аз 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гуруҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шудаанд, 521 нафарашон аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд. Маълумоти оморӣ бори дигар собит менамоянд, ки ТТЭ ҲНИ аз дигар ташкилоти террористии сатҳи байналмилалӣ, ба мисоли ДИИШ ва Ал-Қоида фарқе надорад. Имрӯз ин тоифа афрод дар ҷаҳони ислом дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда, фаъолияташонро ба роҳ мондаанд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ баҳри амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, ба мисоли солҳои 90-уми асри гузашта,боз тағйир додани вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд. Мо имрӯз ин ҳолатро дар кишвари ҳамсояамон Афғонистон мебинем.
Хулоса андешаҳои раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ нисбат ба ҳар воқеияти ҳаёти ҷомеаи орому осудаи кишвари соҳибистиқлоламон шаҳодат медиҳанд, ки ин тоифа наметавонанд ҳарфе бидуни ғараз гӯянд ва ақлу тамиз надорад, ки боре аз дастовардҳои шоистаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳарф занад. Танҳо тоифаи ифротгарои хоину ватанфурӯш бо дастури хоҷагони маблағгузор дастовардҳои шоистаи мамлакати соҳибистиқлоламонро дида наметавонанд. Чунки чашмони онҳоро ҳирси пулу мол нобино кардааст. Ақаллан, дар вуҷуди худ заррае меҳри Ватан надоранд, ки пешравиҳои кишвари маҳбубамонро тан гиранду боре баҳри тақвияти он пешниҳоди мушаххас карда бошанд. Хулоса дар интиҳои андешаҳои солими ҳамешагиамон даъват ба амал оварда будему боз меорем, ки ба ҳарфҳои пучу бемағзи хоинони бурунмарзӣ, ки худро мутеъ ва лаганбардори мисли худашон беимонон кардаанд, хеч як фарди солимақл бовар нахоҳанд кард. Имрӯз маҳз ҳамин хоинони аз комёбиҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистонон дар ҳаросанд ва намехоҳанд, ки ваҳдату якдилӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо бошад. Дар фарҷоми мақолаи хеш мо роҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ-ро бори дигар сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонашонро шадидан маҳкум менамоем.
А.ВАЛИЕВ ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ