Имрӯзҳо терроризм ва  экстремизм

 

Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Дар ин кишвар ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, қатъи назар аз миллат, наҷот, эътиқод, ҷинс, забон, мавқеи сиёсӣ ва вазъи иҷтимоӣ баробар тарбия мегиранд.   

Имрӯзҳо дар бархе аз кишварҳои ҷаҳони ислом, хусусан давлатҳои арабӣ – Сурия, Ироқ, Яман, инчунин Афғонистон амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд,  ки вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ноором буда, мардуми осоишта  қурбони  амалҳои  гурӯҳу ҳаракатҳои  терророристӣ ва ифротгароӣ  гардидаанд.  Хусусан зуҳури давлати исломии Ироқу Шом  барои амнияти минтақа ва ҷаҳон  таҳдидҳои навро  эҷод  сохтааст.  ТТЭ  ҲНИ, хадамоти махсуси Эрон аз ҳеҷ чиз рӯ намегардонад. На аз куштори зан, кӯдак, хоҳар ва бародар.  Бо гуфти муаллиф ва мусоҳибаҳо ба ҷони худ ва наздиконаш хатари ҷиддӣ эҷод кардааст.

Ин раванд мусулмонони ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки зери шиори «мӯъмин бародари мӯъмин» кору зиндагӣ намоянд, то ваҳдати мусулмонон таҳким ёбад ва фирефтаи иғво ва макри душманони дини мубини ислом нагарданд. Зеро хоинони ислом ва мусулмонон доимо дар каминанд, то нақшаҳои  нопоки худро нисбат ба дини ислом, ки дини раҳмату таҳаммулгароист,  амалӣ созанд. Имрӯзҳо терроризм ва  экстремизм  бо тамоми зуҳуроташон ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.

Имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидҳои суботу амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» хонда, бехабар мемонанд, ки ҳадафи чунин созмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст ва дар ин масъала мо бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем, то худро гирифтори бозиҳои чунин гурӯҳҳои ифротгаро накунем.

Гурӯҳҳои  ифротгаро метавонанд, ки  бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти  ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати  ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ  накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Ба ҳамагон аён аст, ки Сарвари давлат дар азми кардааш устувор монда, тӯли қариб 5 сол бо саркардагони гурӯҳи мухолифин панҷ даври гуфтушунид ва ҳафт мулоқот орост, ки оқибат ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гардид. Ин азму талош ба осонӣ ба даст наомада, балки шуҷоату каҳрамонӣ ҷонбозиҳо дар роҳи расидан ба мақсадро талаб менамуд.  Қавлу қасам, вафодорӣ, меҳрубонӣ, ҷасорату шуҷоат, ҷавонмардӣ, садоқату  муҳаббат нияту қалби поки ӯ буд, ки тамоми  марҳилаҳои душвори таърихиро паси cap намуд. Дар ин роҳи душвор боварию муҳаббати мардум зарур буд, ки онро Сарвари давлат сазовор шуд. Саҳифаҳои навини таърихи миллат пур аз иқдомхои бунёдкоронаву созандааст.  Масалан, ҷумҳурии Украина, ки баъди шикасти давлати абарқудрати Шӯравӣ  наметавонад раҳбаре аз миёни мардумаш пайдо бикунад, ки воқеан аз вазъи харобиовари сиёсӣ кишварашро баро­рад. Ва ё давлатҳои араб, ки дар доми балову фоҷиа қарор доранд. Моро давлати бузурге насиб гашта, ки чунин як Пешвои оқилу ғамхор дорем. Имрӯз ҳамаи моро мебояд атрофи ин марди накӯсиришт муттаҳид бошем ва ҳушёрию бедории сиёсиро аз даст надиҳем. Ба қадри ҳар нафас, ки дар фазои сулҳу ободӣ мегардем, бирасем ва шукургузор бошем, ки Сар­вари маҳбуб, Ватани биҳитшосо ва тамаддуни қадиму бой дорем.

Шаҳрванди пайрави зиндагии солим на танҳо аз зуҳуроти манфии ҳатто ба саломатии ӯ зараровар канорагирӣ мекунад, балки барои солим гардонидани бадан ва зиндагии худ омилҳои зиёдро истифода барад. ҳаёти солим бо аҳли оила мунтазам сайри табиат рафтан, дар боғҳо мусиқию овозхонҳоро тамошо кардан, китобҳои бадеӣ хондан, ба тамошои мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ рафтан, ба корҳои эҷодӣ машғул буданро тақозо намоянд.

 

Асистенти кафедраи

назарияи иқтисод

Нурматова С.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *