¶ 1 Leave a comment on paragraph 1 0 Баробари равнақу ривоҷ ёфтани суботу осоиштагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмин гардидани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар ҷумҳурии азизамон омилҳое низ ба назар мерасанд, ки ба халалдор намудани амнияти миллии кишвар нигаронида шудаанд.
¶ 2 Leave a comment on paragraph 2 0 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат даъват ба амал оварда, таъкид намуданд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”.
¶ 3 Leave a comment on paragraph 3 0 Фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, шомил гардидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ин гуна равияҳои носолим ва таблиғи ғояҳои ин зуҳурот, инчунин, сафарбар гардидани шаҳрвандон ба минтақаҳои Осиёи наздик, ба марказу неруҳои экстремистиву террористӣ, ҳамчун падидаҳои халалдоркунандаи амнияти ҷомеъа маҳсуб меёбанд, ки набояд аҳли ҷомеаи солими кишварро бетараф монад.
¶ 4 Leave a comment on paragraph 4 0 Ин гуфтаҳои Сарвари давлат мову шуморо ҳушёр ва водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба воқеаҳои рухдодаистода дар кишварҳои Осиёи наздик эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем, нагузорем, ки чунин падидаҳо ҳаёти ҷомеаи моро халалдор созанд. Мо бояд неруи созандагӣ, фаъолияти худро баҳри ҳифз ва таҳкими осоиштагии Ватани маҳбубамон равона созем.
¶ 5 Leave a comment on paragraph 5 0 Ҷой доштани содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки омилҳои барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳаллӣ, динӣ ҳоло дар ҷомеаи мо аз байн нарафтаанд. Аз ин рӯ, саривақт ошкор ва бартараф карда шудани онҳо на танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи тамоми мақомот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон мебошад. Сабабҳои ҷой доштани ин гуна падидаҳо маълуманд, ки норозигӣ, низоъву кинаро аз хориҷи кишвар паҳн намуда, ҷонибдорони ғафлатзадаи худро пайдо мекунанд ва бештар ҷавононро ба доми худ мекашанд.
¶ 6 Leave a comment on paragraph 6 0 Аз ин рў, тарғибу ташвиқи қонунҳои ҷорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, дарки амиқи равандҳои замони муосир вазифаҳое мебошанд, ки фазои сулҳу оромӣ, осудагӣ ва амнияти ҳаёти ҷомеаро таъмин хоҳанд кард.
¶ 7 Leave a comment on paragraph 7 0 Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин ирода бар он асос меёбад, ки мо пеш аз ҳама, фарзандони Ватани ягонаем ва манфиатҳои волои он аз манофеи дигари равияву ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва табақавию маҳаллӣ бартару болотар мебошанд. Қабл аз ҳама, бояд тамоми афроди ҷомеа равшан ва амиқан дарк намоянд, ки мо чӣ ҳадаф дорем, чӣ роҳро пеш гирифтаем ва кадом шеваи амалу рафторро истифода хоҳем кард, ки оромиву осоиштагии ҳаёти ҷомеаро таъмин намоем.
¶ 8 Leave a comment on paragraph 8 0 Тарафдорони ғояҳои ифротгароӣ гуногунандеширо дар ҷомеа инкор карда, ақидаву назарҳои сиёсӣ, идеологӣ ва динии хешро бо дастгирии пешвоёни хориҷӣ пайгирӣ менамоянд. Таълимоти ифротгароӣ на ба тафаккур, балки ба таассубу хурофот (хусусан тақлидкорӣ ба ғояҳои тундгароӣ) такя намуда, роҳҳои созандагӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти иҷтимоию сиёсии ҷойдоштаро инкор менамояд, вобаста ба мушкилоти ҷойдошта танҳо айбҷўиро мебинанд. Пайравони ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳатто баъди дарки нодурустии ақидаҳо ва моҳияти таълимоти роҳбаронашон, онро тарк кардан намехоҳанд.
¶ 9 Leave a comment on paragraph 9 0 Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҷавонон аз камтаҷрибагию нофаҳмӣ ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ шомил гашта, минбаъд аз тарси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан, дар ҳайати ин ташкилотҳо фаъолияташонро идома медиҳанд.
¶ 10 Leave a comment on paragraph 10 0 Бояд зикр намуд, ки дар эзоҳи як қатор моддаҳои КҶ ҶТ муқаррарот оиди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гаштани шахси ҷиноят содир карда, пешбинӣ гаштааст. Ин муқаррароти қонун ба аҳолӣ бояд фаҳмонида шавад, то ки нафарони гумроҳ гашта, оиди фаъолияти худ ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳанд, ки дигар оқибатҳо пешгирӣ карда шаванд.
¶ 11 Leave a comment on paragraph 11 0 Такмил додан, беҳтар кардани сифати тарғибу ташвиқоти солим ва созанда яке аз кафолатҳои муҳими таъмини осоиштагии ҳаёти ҷомеа ва пешгирии ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ мебошанд. Мо бояд сарҷамъона тарғиботи солим барем ва аз оқибатҳои даҳшатноки он хабардор намоем, зеро онҳо нафаҳмида фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо нашаванд.
¶ 12 Leave a comment on paragraph 12 0 Файзиева А. П.,
¶ 13 Leave a comment on paragraph 13 0 ассисенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ